Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи чанд маҳдудияти дигар барои муҳоҷирон дар Русия


Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонунеро омода кардааст, ки бар асоси он кушодани ҳисоби бонкӣ, сабтиноми мошин ва моликияту бастани ақди никоҳ ба муҳоҷирони будубошашон ғайриқонунӣ манъ хоҳад шуд.

"Агар ту муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳастӣ, ҳаққи истифода аз ин гуна хидматрасониҳоро надорӣ," -- гуфтааст Валентина Казакова, сардори раёсати вобаста ба муҳоҷирони ВКД-и Русия рӯзи 3-юми ноябр.

Ин тасмим қадами дигари давлати Русия барои сахттар кардани қонунгузории ин кишвар дар самти муҳоҷират хонда мешавад.

Пештар вакилони Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия як лоиҳаи қонунро пешниҳод кардаанд, ки ҳадафаш аз байн бурдани издивоҷҳои қалбакии муҳоҷирон бо шаҳрвандони ин кишвар гуфта мешавад.

Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, тартиби додани РВП ё ҳаққи иқомати муваққатӣ барои хориҷиёне, ки бо шаҳрвандони Русия издивоҷ кардаанд, сахттар мешавад.

Яъне, танҳо ба онҳое санади иқомати муваққатӣ дода хоҳад шуд, ки на камтар аз ду сол бо шаҳрванди Русия издивоҷ ва зиндагӣ кардааст.

Бино ба гуфтаи вакилони Думаи Давлатии Русия, солҳои охир пешниҳоди ҳаққи иқомат ба хориҷиёне, ки бо зодаҳои Русия никоҳ доранд, беш аз 30 дарсад афзудааст. Соли 2022 ба 59 ҳазор муҳоҷире, ки ҳамсарашон шаҳрванди Русия аст, санади ҳаққи иқомат додаанд. Аксарият тоҷикон будаанд.

Мақомот ба самимӣ будани баъзе аз ин издивоҷҳо бовар надоранд. Имсол дар пайи таҳқиқи никоҳҳои хориҷиён бо шаҳрвандони Русия дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар чанд издивоҷ бекор карда шудааст. Аз ҷумла, дар пайи чунин санҷиш Додгоҳи ноҳияи Левобережний никоҳи се зани сокини шаҳри Липчанро бо хориҷиён қалбакӣ донист ва бекор кард.

XS
SM
MD
LG