Бо ин мақсад, қарор аст, ба зудӣ дар фурудгоҳҳои Маскав гирифтани изи ангушт ва аксбардории муҳоҷиронро ба роҳ монанд.
Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар мавриди муҳоҷират охири ҳафтаи гузашта гуфт, чунин навоварӣ аз вуруди онҳое, ки ному насабашонро иваз карда ба Русия меоянд, пешгирӣ хоҳад кард.
Тартиби гирифтани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз моҳи декабри соли 2021 ҷорӣ шудааст. Аз 6,5 миллион хориҷие, ки феълан дар ин кишвар ҳастанд, 4 миллион нафарашон изи ангушт супоридаву аксбардорӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Казакова, бо шарофати ин талабот беш аз 2 ҳазор ҷиноят ошкор гардидааст. Аз ҷумла, муҳоҷирони ихроҷшуда, ки талош мекунанд, бо ҳуҷҷатҳои нав вориди Русия шаванд, аз рӯйи нақши ангушт ифшо ва муҷозот шудаанд.