Тоҷикистону Қирғизистон бахши дигаре аз марзашонро мушаххас карданд

Ҳайати Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд. Акс аз сомонаи ҳукумати Қирғизистон

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 17,98 километри дигари марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар”-и Тоҷикистон ва расонаҳои давлатии Қирғизистон дар ин бора рӯзи 8-уми ноябр хабарномаи ҳамсон нашр кардаанд. Маълум нест, ки гап дар бораи кадом қитъаи марз меравад.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки аъзои гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 1 то 8-уми ноябри имсол дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳамроҳ кор кардаанд.

Хабаргузории “Ховар” нишасти дуҷонибро “дӯстона” унвон кардааст.
Сомонаи ҳукумати Қирғизистон низ гуфтааст, гуфтугӯи дуҷониб “дар рӯҳияи дӯсти ва ҳамдигарфаҳмӣ” анҷом шуд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ки аз 980 километри марзи миёни ду кишвар 625 километраш мушаххас шудааст.

Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ятимов ва Тошиев дигарбора масъалаи марзро баррасӣ кардаанд Идомаи гуфтугӯҳо барои муайян кардани марзи Тоҷикистону Қирғизистон Мансабдорони тоҷику қирғиз вохӯрданд, вале маълум нест, чӣ гуфтандВладимир Путин муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро "доғ" номид. ВИДЕО