Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони тоҷику қирғиз вохӯрданд, вале маълум нест, чӣ гуфтанд


Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Гурӯҳҳои ҳукуматии маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе доир ба таъйину аломатгузории гӯшаҳои баҳбсарангези сарҳади ду кишвар гуфтугӯ кардаанд.

Вазорати умури хориҷӣ бо нашри як байёнияи расмӣ гуфт, ки ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ аз рӯзи 13-уми январ то рӯзи 20-уми январ дар Душанбе сурат гирифт.

Ба гуфтаи вазорат, ду тараф ёддоште дар ин замина имзо кардаанд, вале маълум нест, гурӯҳҳои маконнигорӣ дар бораи таъйину аломатгузории чанд километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст. Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG