Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимов ва Тошиев дигарбора масъалаи марзро баррасӣ кардаанд


Дар моҳи октябри имсол ин дуввумин вохӯрии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев аст
Дар моҳи октябри имсол ин дуввумин вохӯрии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев аст

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрда, масъалаи ҷанҷолии марзро баррасӣ кардаанд. Дидори Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон 16-уми октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар мулоқот "муайянсозии қисматҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ" баррасӣ ва ду тараф аз кори гуруҳҳои топографӣ ё маконнигорӣ "изҳори қаноатмандӣ" намудаанд.

Дар хабарномаҳои расмии ду тараф, бидуни овардани шарҳи мушаххас танҳо омадааст, ба гуруҳҳои маконнигорӣ барои "омодасозии лоиҳаи хати сарҳадии боқимонда ва ҳалли масоили марбут ба марз супоришҳои мушаххас дода шуд."

Ҷузъиёти бештари ин мулоқот феълан дастрас нест.

Дар моҳи октябр ин бори дуюм аст, ки роҳбарони комиссияҳои аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон вомехӯранд. Пеш аз ин онҳо 2-юми октябр дар шаҳри Ботканд мулоқот карда, протоколи рақами 44-ро имзо карданд. Ҷузъиёти ин санад расман нашр нашуд, аммо намояндагони ду тараф, ин протоколро "роҳе барои ҳалли мушкили марзӣ" номиданд.

Баъди имзои ин санад, Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба Қамчибек Тошиев иддао кард, ки "Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид". На Душанбе ва на Бишкек ин даъворо шарҳ надоданд.

Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он меҳисобанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG