Як фаъоли мухолифон мегӯяд, модари ӯро ҳам аз барқ маҳрум кардаанд

Фарҳод Одинаев

Фарҳод Одинаев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони идораи барқи шаҳри Ҳисор барқи манзили модарашро қатъ кардаанд. Мақомот масъаларо шарҳ намедиҳанд, аммо дар ҳафтаи ахир ҳадди ақал чор намояндаи мухолифин гуфтанд, пайвандони онҳоро дар Тоҷикистон аз барқ маҳрум кардаанд.

Фарҳод Одинаев 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони идораи барқи шаҳри Ҳисор се рӯз пеш ҳамроҳ бо кормандони милиса ба деҳаи Турдибобо омада, сими барқи хонаи модарашро буриданд.

"Онҳо аммаамро аз хонааш оварда, дарвозаи ҳавлиро кушода, симҳои барқро бурида мераванд. Се рӯз аст, ки дар хонаи модарам барқ нест,"-гуфт Фарҳод Одинаев.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмии мақомот дар ин бора бенатиҷа буд.

Одинаеви 47-сола ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Аврупо аст. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифин дар Олмон буд, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон анҷом шуд. Фарҳод Одинаев соли 2019 бо дархости Тоҷикистон дар Белорус боздошт ва баъди 43 рӯз раҳо шуда буд.

"Мо вақте аз мушкилиҳо гап мезанем, мақомот ба ҷойи ҳалли мушкил, хешу табори моро боздошт карда мебаранд. Ҳоло боз шеваи дигарро дар пеш гирифтаанд ва пайвандони моро аз истифодаи барқ маҳрум мекунанд. Ин амали номатлубро маҳкум ва аз мақомот даъват мекунем, ки ба ин фишору таъқиб поён диҳанд,”-афзуд Фарҳод Одинаев.

Ба ҷуз Фарҳод Одинаев, ҳадди ақал се намояндаи дигари мухолифин ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сими барқи манзили наздикишонаро дар Тоҷикистон буриданд.

Ойишамо Абдуллоева

Аз ҷумла рӯзи 12-уми октябр Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифин гуфт, мақомот барқи хонаашро қатъ карданд. Ойиша Мирзоева, модарандари раиси "Гурӯҳи 24" Сӯҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ҳам гуфт, мақомот сими барқи хонаашро буридаанд. Як намояндаи дигари мухолифин ҳам гуфт, хонаводаи ӯро дар вилояти Хатлон аз истифодаи барқ маҳрум карданд. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд.

Намояндагони мухолифин мегӯянд, баъди баргузор кардани тазоҳурот дар вақти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, мақомот хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон боздошту шиканҷа карданд. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 6-уми октябр дар гузорише гуфт, то кунун ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе баъд аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Фармон аз боло." Хонаи модарандари Сӯҳроб Зафарро бе барқ гузоштаандМодари Шарофиддин Гадоев гуфт, мақомот сими барқашро буридаандЭътирозгарони Олмон боздошти наздикони худро дар Тоҷикистон маҳкум карданд"Гапи Озод": Чаро як тухм ин қадар сарусадо овард? ВИДЕОПМТ боздошти хешони тазоҳургаронро танқид кард