Гуруҳе аз ширкатдорони эътирозҳои 28-29-уми сентябр дар Берлин, пойтахти Олмон, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки бо эҳтиром ба ҳуқуқи инсон боздошту азияти наздикони онҳоро бас кунанд.
Онҳо ҳамчунин аз Омбудсмени Тоҷикистон, Кумитаи Салиби Сурх, САҲА ва дипломатҳои ғарбӣ дар шаҳри Душанбе хостаанд, бо ташкили ҳайате боздоштҳои ғайридодгоҳӣ ва “ба сурати густарда помол шудани ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон” таҳқиқ кунанд, ба ин “ҷиноятҳои мақомоти қудратӣ ва интизомӣ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, ки ба ин ҳама бебандубориҳо хотима диҳад.”
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ва намояндагиҳои байнулмиллӣ ба ин изҳорот дастрас нашудааст.
Муаллифони изҳорот мегӯянд, ҳарчанд намоишҳои эътирозӣ ҳаққи қонунии онҳост, пас аз баргузории чунин ҳамоишҳо мақомот “даҳҳо нафари бегуноҳ” аз наздикону пайвандони онҳоро боздошт кардаанд, бархе аз онҳо зери шиканҷаанд ва наздикон аз аҳволашон хабар надоранд.
Чанд манбаъ дар Тоҷикистон боздошти пайвандони мухолифонро пас аз тазоҳурот дар Олмон тасдиқ кардаанд. Дар поёни рӯзи 3 октябр хабар расид, ки ҳадди ақал ду нафари онҳо пас аз суҳбат ва даъватҳои бозгардони наздиконашон аз Аврупо озод гаштаанд. Дар бораи шиканҷа шудани боздоштшудагон хабар нарасидааст.
Аммо дар изҳороте, ки зераш имзои 13 намояндаи мухолифон ҳаст, аз латукӯб ва шиканҷа шудани боздоштшудаҳо сухан рафтааст.
Дарёфти шарҳи расмӣ дар ин бора то ин дам бенатиҷа аст. Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин хабарҳо худдорӣ мекунанд. Аммо ду рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуд, ки дар онҳо пайвандони мухолифон аз онҳо мехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд. Баъзе намояндагони мухолифин мегӯянд, ин суҳбатҳо дар зери фишори мақомот сабт шудаанд.
Ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ дар Олмон мегӯянд, набояд барои амалкарди онҳо наздиконашон ҷавобгӯ бошанд. Ин дар ҳолест, ки тарафдорони ҳукумат дар шабкаҳои иҷтимоӣ боздошту азияти пайвандони мухолифонро дуруст ва ҳомиёни ҳуқуқ онро ғайриқонунӣ мешуморанд.
Муаллифони муроҷиатнома ҳамчунин гуфтаанд, дар Тоҷикистон наздикони онҳое, ки аз сиёсат канор рафтаанд, низ ҳадафи фишору таъқиб қарор гирифтаанд. Бархе аз онҳо таъкид мекунанд, ки ба ҳеч ҳизбу гуруҳи мухолифон, ки фаъолияташон дар кишвар манъ аст, марбут набуда, худро мухолифони мустақил медонанд.
Рӯзи 29-уми сентябр, зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин гуруҳе аз паноҳҷӯёни тоҷик дар назди маҳалли мулоқоти раҳбарони Осиёи Марказӣ бо садри аъзами Олмон тазоҳурот карданд.
Намояндагони мухолифон мегӯянд, баъди ин тазоҳурот ва задани тухм ба мошини ҳомили президенти Тоҷикистон мақомот волидон ё наздикони дигарашонро “бурдаанд”.
Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ латукӯб шудани ду намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҳадафи танқид қарор гирифта, ба нафратпароканӣ сабаб гаштааст.
Намояндагони мухолифи ҳукумат солҳои гузашта низ аз фишор ба хонаводаҳояшон шикоят карда буданд. Мақомот мустақим ба ин шикоятҳо вокуниш намекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо талаб кардаанд, ки хонаводаҳои мухолифинро "ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидон" истифода набарад.
Гуфтугӯ