Сокинони як ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон шикоят доранд, ки ба сабаби беобӣ замини кишташон хушкид ва меваи дарахтон нопухта пажмурда гардид. Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Кишоварзон мегӯянд, дар гузашта обро аз кишвари ҳамсоя бе мушкил мегирифтанд, вале имсол ду моҳ заминашон ташналаб монд. Мақомоти ду кишвар расман қазияро шарҳ намедиҳанд, аммо дар чанд вохӯрии мансабдорони тоҷику қирғиз масъалаи об асосӣ будааст.
"Фақат заминро тамошо кардем"
“Об нест. Имсол замини мо об нахӯрд. Пештар муомила бо Қирғизистон нағз буд. Аз онҷо об меомад. Онҳо обро меоварданд, пулашро медодем. Ҳозир ҳатто як пашшаро гузаштан намемонанд," – шикоят кард Умар Қулматов, раиси маҳаллаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Дар ин маҳалла мардум асосан гандуму сабзавот кишта, дарахтони гуногун мепарваранд. Даромади хонаводаҳо аз ҳамин ҳисоб аст. Имсол умед надоранд.
Вазъ дар деҳаҳои сарҳадии Тоҷикобод ва Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам ба ин монанд аст.
Қурбоналӣ Олимов аз деҳаи Тоҷикобод мегӯяд, “аз ҳосили як гектар замин 5-10 ҳазор сомонӣ фоида мегирифтем. Имсол ягон фоида нест. Хароҷотро намепӯшонад."
“Гандум коштам, 150 кило ғалла гирифтам. Лалмӣ шуд. Ду халта карбамид задем, об нашуд, сӯхту рафт. Имсол ҳеч чиз нест. Фақат заминро тамошо кардем,” – мегӯяд Мансур Сафоев, мудири хоҷагии деҳқонии Мирмусо.
“Мегӯянд, андозро супоред, таҳдид мекунанд”
Масъулони идораи оби ноҳияи Ҷаббор Расулов ва канали Хоҷабоқирғон омода нашуданд, ки вазъро шарҳ диҳанд.
Деҳқонон гуфтанд, борҳо дари мақомоти маҳалливу вилоятро кӯфтанд, то душворӣ ҳал гардад, аммо бепарвоӣ диданд.
Умар Қулматов, раиси маҳаллаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов, гуфт, “ягон хел ёрӣ нест. Кормандони идораи андоз (молиёт) телефон мекунанд. Мегӯянд, пулро супоред. Таҳдид мекунанд, ки агар насупоред, ба суд медиҳем, ба прокурор медиҳем. Ёриашон фақат ҳамин. Телефон карда дуғу пуписа мекунад, вале ягон кас ба инҷо намеояд.”
Чунин шикоятҳо аз минтақаҳои дигари наздимарзӣ ҳам мерасанд. Мақомоти Қирғизистон дар ин робита чизе нагуфтаанд. Мақомоти Тоҷикистон камбуди обро эътироф карда, мегӯянд, барои ҳалли он бо ҳамтоёнашон аз кишвари ҳамсоя музокирот доранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Об омад, вале дер”
Ҳафтае қабл мансабдорони Суғду Бодканд мулоқот доштанд ва масъали об дар миён будааст. Дар эъломияи ҳукумати Суғд навиштаанд, ки “...истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ... мавриди таҳлил қарор дода шуд”. Тафсилоте нест, ки оё тарафҳо ба чӣ натиҷа расиданд.
Исҳоқҷон Кабиров, мудири хоҷагии деҳқонии Рамазон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, мегӯяд, моҳҳои апрел ва майи имсол аз беобӣ азият кашиданд, аммо вазъ дар моҳи июн шароит каме беҳтар шуд. "Ҳоло дақиқ нест, ки об то моҳи ноябр меояд ё не. Мехоҳем, кишти такрорӣ кунем,” – афзуд ӯ.
Деҳқонон мегӯянд, бинобар дер ҳал шудани масъала кишти аввалаашон барбод рафт ва ҳоло ба ҳосили кишти такрорӣ умед бастаанд.
Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ аз душвориҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон номбар мешавад. Тақсими об чанд дафъа боис ба сар задани муноқиша миёни ду тараф шудааст. Аз ҷумла ҷанҷоли хунини охири моҳи апрели соли 2021 бар сари назорат аз болои тақсими об дар маркази “Головной” байни Исфара ва Бодканд сар зада буд.