Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон санад имзо карданд, аммо бе шарҳ


Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи сарҳад
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи сарҳад

Гурӯҳҳои ҳукуматии маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 6 рӯз дар шаҳри Душанбе дар бораи таъйину нишонагузории гӯшаҳои баҳбсарангези сарҳади ду кишвар гуфтугӯ кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри баёнияи кӯтоҳе дар вебсайташ хабар дод, ки даври дигари музокирот аз 5-уми июн то 11-уми июн сурат гирифт.

Ба иттилои расмӣ, ду тараф як санадеро имзо кардаанд, вале маълум нест, гурӯҳҳои ҳукуматӣ дар бораи таъйину аломатгузории чанд километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд.

Вазорат танҳо ҳаминро гуфта, ки “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.” Интизор меравад, ҳайатҳо ин дафъа дар Қирғизистон мулоқот кунанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст.

Азбаски зиёда аз 300 километри он бе аломату баҳсбарангез аст, байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар зада, чанд бор ба задухӯрдҳои мусаллаҳонаву маргбор сабаб шудааст.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар як соли охир ду дафъа гуфт, ки умед дорад, ба зудӣ таъйину аломатгузории сарҳад бо Тоҷикистон ба поён мерасад, вале ба назар мерасад, ду тараф ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG