Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, бо оҷонси давлатии кишвараш, "Кабар", дар бораи ҳалли мушкили сарҳад бо Тоҷикистон суҳбат кард.
Вай рӯзи 17-уми апрел гуфт, дар ин маврид баъзе пешравӣ ҳаст, аммо дар умум кор "бисёр суст" ҷараён дорад.
"Агар ҷонибҳо барои кашидани хати сарҳад бо назардошти манфиатҳои ду тараф розӣ шаванд, дар мавзеъҳо як моҳ кор мемонад," – гуфт ӯ.
Дар айни замон аз он нороҳатӣ кард, ки барои ҳалли баҳси сарҳадӣ дар баъзе аз минтақаҳо истифода аз харитаи соли 1924 пешниҳод шудааст.
"Ҳалли масъала бар асоси харитаи соли 1924 на аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва на аз ҷиҳати ахлоқӣ муносиб нест. Дар соли 1924 на мо ва на онҳо давлати алоҳида набудем," – афзуд Содир Ҷабборов.
Ҷониби Тоҷикистон ба изҳороти нави Ҷабборов вокуниш накардааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфта буд, ки "Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати тавсифи хатти сарҳади давлатӣ аз руи ҳуҷҷатҳои муайянкунии миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд".
Сироҷиддин Муҳриддин афзуд: "Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд. Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани иродаи нек ва фасеҳии барзиёд мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки маводди комиссияи паритетии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кардааст, истифода намоем."
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар моҳи ноябри соли 2022 гуфта буд, ки то тобистони соли 2023 мушкили сарҳадро бо Тоҷикистон ҳал мекунанд, вале дар суҳбати рӯзи душанбе санаеро зикр накард. Ӯ гуфт, дар моҳи ноябр "кор босуръат ҷараён дошт", вале ҳоло суст шуда.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. 682 километри он мушаххас ва боқимонда ҳанӯз номуайян аст.
Ду тараф солҳо боз барои тақсими замину чарогоҳ ва об ҷанҷол доранд. Бар асари задухӯрди мусаллаҳона дар солҳои 2021 ва 2022 аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.
Гуфтугӯ