Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои эҳёи муносибат


Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои эҳёи муносибатҳои дӯстона ибрози омодагӣ кардаанд.

Мулоқоти онҳо рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гузашт.

Як протокол ҳам имзо шудааст, аммо тафсилоташ дастрас нест.

Мақомот дар эъломияи расмӣ гуфтанд, ду тараф пешгирӣ аз истифодаи аслиҳаро дар сарҳад баррасӣ карданд.

Истифодаи якҷоя аз об аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.

Дар мулоқот раисони Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ ва мансабдорони дигар иштирок карданд.

Пас аз ду муноқишаи пурхушунат дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 марзи ду кишвар бастааст. Равобит ба сардӣ печид ва додугирифт низ ба сатҳи поинтарин расид.

Муноқишаҳо дар марзи ду кишвар борҳо боис ба кушта шудани даҳҳо нафар ва тахриби биноҳои маъмуриву истиқоматӣ шуд. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани низоъ гунаҳкор мекунанд.

Ҷанҷол бар сари таъйини беш аз 300 километр хати сарҳад аст, ки то ҳол муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд.

XS
SM
MD
LG