Як гурӯҳ аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия мегӯянд, зиёда аз сад нафари онҳо аз ҷониби нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск бераҳмона латукӯб ва шиканҷа шудаанд.
Мақомоти Русия ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҳанӯз ба ин хабар вокунише накардаанд.
Ба нақли донишҷӯён, ҳодиса субҳи барвақти 19-уми май дар хобгоҳи донишгоҳ ва замоне руй додааст, ки донишҷӯён барои рафтан ба дарс омодагӣ медиданд.
Яке аз донишҷӯён, ки бо далелҳои амниятӣ нахост номаш зикр шавад, рӯзи 22-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастаи ОМОН ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол ба хобгоҳ омада, нахуст камераҳои назоратиро хомӯш намуданд ва донишҷӯёнро, ки ҳеч амали хилофи қонун накарда буданд, бераҳмона заданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, “низомиёни ниқобпӯш бо таппонча ва электрошокер мусаллаҳ буданд ва дастпушакҳои кастетмонанд доштанд. Ҳар нафаре, ки сабаби задани онҳоро мепурсид, мушти иловагӣ мехӯрд. Дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ буданд, аммо танҳо зодагони Тоҷикистонро латукӯб намудаву сипас дар коридор қатор монданд ва ҳуҷҷат пурсиданд.”
Мусоҳиби мо афзуд, низомиён ҳуҷҷату телефонҳои донишҷӯён ва ҳамчунин шаш нафари онҳоро бо худ бурда, баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Дар натиҷаи латукӯб тақрибан 15 нафар аз донишҷӯён шадидан маҷрӯҳ шудаанд ва баъзе аз онҳо ниёз ба ҷарроҳӣ доранд. Қаблан низ дар донишгоҳ тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор будааст, аммо чунин бархӯрд бо донишҷӯён бори аввал рӯй додааст.
Ҳангоме, ки ҷабрдидаҳо ба маъмурияти хобгоҳ ва донишгоҳ муроҷиат кардаву сабаби чунин бадрафториро пурсидаанд, онҳо китф дарҳам кашидаанд ва гуфтаанд, коре карда наметавонанд.
Донишҷӯён рӯзи 20- уми май ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия занг задаву кӯмак хостаанд. “Чун телефонҳоямонро гирифта буданд ва рӯзи шанбе багардонданд, дарҳол ба сафорат занг задем. Гуфтанд, имрӯз корӣ нест ва рӯзи душанбе бо шумо тамос мегирем. Аммо то ҳол касе ба мо занг назад,”--гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.
Ин шикояти донишҷӯёни минтақаи Хабаровск дар шароитест, ки дар як ҳафтаи ахир ба дасти Радиои Озодӣ аз гӯшаҳои гуногуни Русия даҳҳо навор аз ҷараёни рейду бадрафторӣ бо муҳоҷирон мерасад. Ин тафтишҳо шабонарӯзӣ дар макони зист ва ҷоий кори муҳоҷирон сурат мегирад.
Дар як видео, ки дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав сабт шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна чандин муҳоҷир аз тиреза паридаву аз таъқиби нерӯҳои ОМОН фирор мекунанд. Дар пушти наворҳо, ки баъзеяшон гоҳҳо аз ҷониби худи сокинони маҳаллӣ сабт шудаанд, нидоҳои ҷонибдоронаи рустаборон аз ин гуна рейдҳо шунида мешавад.
Баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, амалиёт дар нисбат ба муҳоҷирон баъди он шиддат гирифт, ки ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сокинони шаҳраки Котелникӣ ба Владимир Путин, президенти Русия муроҷиат карданд. Онҳо даъво намуданд, ки маҳалли зисташон ба “анклав ё ҷазираи тоҷик” табдил ёфта, 80 дарсади аҳолии онро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.
”Мо ҳатто аз баромадан ба кӯча метарсем ва худро амн эҳсос намекунем,”-гуфта шуд дар ин муроҷиатнома.
Аз сӯи дигар, Владимир Путин рӯзи 19-уми май дар ҷаласаи Шӯрои президентӣ оид ба равобити байни миллатҳо гуфт, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд ба қоидаҳо ва анъанаҳои ин кишвар эҳтиром гузоранд.
Русия давлати сермиллат аст ва илова бар ин мизбони тақриқбан 16 миллион муҳоҷир аз кишварҳои Шӯравии собиқ аст. Баъзе аз сиёсатмадорони Русия борҳо аз ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон интиқод карда, хоҳони бархӯрди сахт бо онҳо шудаанд. Аммо муҳоҷирон ва ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Русияро ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон айбдор мекунанд ва мегӯянд, асосан муҳоҷироне ҳадаф қарор мегиранд, ки ҳомӣ надоранд ва пуштибонӣ намешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Шаҳрвандии Русия бо "нархи ҷон". Муҳоҷирони тоҷикро чӣ интизор аст? ВИДЕО"Заданд, ҷарима карданд, бо худ бурданд." Тафтиши муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО"Зархаридон"-и тоҷикро дар ҷанги Украина рӯйхат мекунанд. ВИДЕОЧаро мақомоти Русия боз ба муҳоҷирон рӯй оварданд? ВИДЕОҲар соат беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русия мешавадҲомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон: Аз Русияву шаҳрвандиаш фосила гиредТалоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия кам нашуд. Чаро? ВИДЕО