Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Заданд, ҷарима карданд, бо худ бурданд." Тафтиши муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


"Заданд, ҷарима карданд, бо худ бурданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Нерӯҳои вижаи пулис дар шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳ аз муҳоҷиронро тафтиш ва иддаеро латукӯб ва боздошту ҷарима кардаанд. Онҳо дар сохтмони "Лахта Сентр", иншооти вобаста ба ширкати "Газпром", кор мекунанд. Ҳодиса рӯзи 19-уми май иттифоқ уфтодааст.

Ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки бинобар он нерӯҳои вижа чанд муҳоҷирро дар автобус бор карда, як ҷавонро ба замин хобондаву дастонашро ба пушт тоб додаанд. Танҳо пас аз эътирози баъзе аз муҳоҷирон, ки рафтори нерӯҳои пулис қонунӣ нест ва нидои онки "ӯ шиноснома дорад", ҷавонро ба автобус бор карданд, то ба идораи пулис баранд.

Мақомоти Русия то ҳанӯз далели санҷиш ва боздошти муҳоҷиронро дар наздикии сохтмони "Лахта Сентр" нагуфтанд.

Яке аз муҳоҷирони тоҷик рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса замоне рӯй дод, ки коргарон аз Тоҷикистон ва Узбекистон барои хӯроки нисфирӯзӣ аз маҳалли сохтмон ба берун баромаданд.

"15-20 касро бурданд. Бачаҳоро маъюб карданд. Дастонашонро тоб доданд. Ҳеч кас даъво намекунад, бародар. Даъво, ки кард, албатта ӯро депортатсия мекунанд ё аз кор меронанд. Ҳеч кас даъво намекунад, ҳама метарсад," – нақл кард мусоҳиби мо, вале нахост номашро нависем.

Вай афзуд, бо вуҷуди онки санадҳояшон дуруст аст ва пули патентро додаанд, ҳар чанд вақт тафтиш мешаванд: "Ҳамаро 5 ҳазор рублӣ ҷарима мебанданд. Мегӯянд, ту дар ҷойи дигар худро сабтином кардӣ, вале дар ҷойи дигар кор мекунӣ. Эътироз кунӣ, ба боздоштгоҳ мебаранд. Дар онҷо маҷбур мекунанд, ки хешовандон ё ҳамкорон пулро супоранд. Баъд раҳо мекунанд."

Дар рӯзҳои охир ин мавриди ягона набудааст. Дар Екатеринбург амалиёти “Нелегал”-ро гузарондаанд. Дафтари матуботи пулиси Екатеринбург гуфтааст, ҳадаф “ошкор ва пешгирӣ кардан аз нақзи қонуни муҳоҷират” аст.

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав мегӯянд, тафтишу боздошт дар пойтахти Русия низ афзуда. Яке аз корбарон бо фиристодани видео рӯзи 20-уми май хабар дод, ки маъмурони пулис шаби 19-уми май дар Котелникии Маскав “муҳоҷиронро дар се автобус бурданд.”

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Муҳаммадҷон Собиров мегӯяд, дар рӯзҳои охир чанд шикоят гирифт: "Боздошти шаҳрвандон аз Осиёи Марказӣ бисёр шудааст. То ҷое медонем, рӯзи 19-уми май, пас аз намози ҷумъа, дар масҷиди “Проспект Мира” низ боздоштҳо сурат гирифтааст. Дар масҷидҳои дигар низ. Ин ба он вобаста аст, ки вазъият дар Русия он қадар хуб нест. Кӯшиш мекунанд, ки муҳоҷиронро бо ҳар баҳона биронанд ва дар ҷойи онҳо шаҳрвандони худашон кор кунанд."

Собиров рӯзи 20-уми май гуфт, дар ин ва “рейдҳо”-и гузашта чанд муҳоҷире боздошт шудаанд, ки “ҳуҷҷатҳояшон комил буд ва қарордоди корӣ доштанд”. “Мо дар робита ба қазияи ду шаҳрванди Тоҷикистон даъво кардем. Қарори зинаи поёнии додгоҳ дар бораи боздошти онҳо бекор шуд. Озод шуданд.”

Пештар мақомоти Русия тасдиқ карданд, ки рӯзи 17-уми май дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав як масҷидро баста, нисбат ба муҳоҷирон 34 санади маъмурӣ тартиб доданд. Тафтиш пас аз муроҷиати видеоии сокинони маҳаллӣ ба раиси ҷумҳурии Русия сурат гирифтааст. Онҳо иддао карданд, ки шаҳрак ба “анклави тоҷикон” табдил ёфта, зиндагиро барояшон таҳаммулнопазир гардондааст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ дар кишвар дар ҷустуҷӯйи кори муносиб ба Русия мераванд. Қисме аз онҳо бо гирифтани шиносномаи русӣ аз имтиёзу ҳуқуқи бештар баҳравар мегарданд, дигарон бо баҳонаи надоштани патенту гузаштани муҳлати сабтином ва ё қонуншиканиҳои дигар боздошту ихроҷ мешаванд.

Дар соли гузашта танҳо аз Маскав ҳудуди 400 ҳазор муҳоҷирро рондаанд, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG