Тоҷикистон беш аз сад зану кӯдакро аз Сурия баргардонд. АКС

Занони тоҷик, ки рӯзи 21-уми май аз Сурия ба ватан оварда шуданд

Даҳҳо зану кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ шоми 21-уми май аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия, ки масъули барномаи пас овардани занону кӯдакон аст, рӯзи 21-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 наврас (33 духтар ва 40 писар) ба ватан оварда шуданд.

Аксари ин занон ҳамроҳ бо шавҳарони худ дар солҳои 2014-16 ба Сурия ва Ироқ рафта буданд ва пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 онҳо дар паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд.

Абдуғаффори Камол, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бозгардонии занону кӯдакон аз Сурияро “рӯйдоди муҳим” номид. Ӯ гуфт, ки феълан занону кӯдакон барои ташхису табобат ба маконҳои махсус бурда мешаванд.

“Чанд боре, ки мо ин шаҳрвандонро ба Тоҷикистон баргардондем, онҳо як муддат ба офитябахшии равонӣ, ба офиятбахшии ҷисмонӣ, тандурустӣ фаро гирифта шуданд ва қисме ба хонаводаҳояшон ва қисми дигар ба ҷойҳои махсуси нигаҳдорӣ дар зери ҳимояти давлат ҳастанд ва имрӯз зиндагии одӣ дошта, хурсанданд,”—гуфт, ӯ.

Аксҳоро инҷо бинед:

Тоҷикистон беш аз сад зану кӯдакро аз Сурия баргардонд

Намояндаи ВКХ гуфт, дар умум аз Сурия 109 нафарро ба Тоҷикистон оварданд, ки панҷ нафар аз онҳо шаҳрванди Қазоқистон мебошанд ва ба ҳукумати ин кишвар супорида мешаванд.

Нигина Тоҷибоева, як зане, аз Сурия ба Тоҷикистон расид, дар фурудгоҳи Душанбе ба рӯзномнигорон гуфт, хеле хурсанд аст.

“Хурсанд ҳастем, ки ба ҷои ободӣ, ба ҷои хуб омадем ва барои фарзандони худ ободиро мехоҳем,”—гуфт, ӯ.

Моҳи июли соли гузашта 146 зану кӯдаки тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон оварда буданд.

Мақомот пештар гуфта буданд, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

Созмони миллал аз Тоҷикистон ва чанд кишвари дигари ҷаҳон хоста буд, ки шаҳрвандонашонро аз паноҳгоҳҳои Сурия берун кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гурӯҳи дигаре аз занону кӯдаконро аз Сурия ба Тоҷикистон меорандМарҳилаи дувуми овардани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия оғоз шудаастHRW аз кӯдаконе гуфт, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия мондаандТарбия дар рӯҳияи афкори ДОИШ. Фарзандони ҷангҷӯён чӣ гуна калон мешаванд? ВИДЕОЯк ҳайат аз Тоҷикистон ба паноҳгоҳе дар Сурия рафтааст. ВИДЕО"Ё баред, ё бигузоред". Паёми занони тоҷик аз паноҳгоҳе дар Сурия ба президент РаҳмонАз вазир то президент ваъда доданд. Чаҳор сол "интизорӣ"-и занону кӯдакони тоҷик дар СурияЭмомалӣ Раҳмон гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия бармегардонанд