Мақомоти Тоҷикистон марҳилаи дуюми баргардондани занону кӯдакони тоҷикро аз паноҳгоҳи "Ал-Ҳол"-и Сурия оғоз кардаанд.
Дар ин паноҳгоҳ беш аз 500 зану кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ ҳастанд. Тоҷикистон моҳи июли имсол беш аз 140 зану кӯдакро аз онҷо ба ватан баргардонда буд.
Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ ба ин паноҳгоҳ рафта, занону кӯдаконро барои овардан ба ватан номнавис карданд.
Ӯ афзуд: "Дар паноҳгоҳ бештар кӯдакон мондаанд. Бархе модар надоранд ва дар тарбияи занони дигар ҳастанд."
Занони тоҷик дар гузашта гуфта буданд, ки хаймаҳои паноҳгоҳ дар зимистон сард мешавад ва онҳо бо кӯдакон азоб мекашанд.
Аз соли 2014, пас аз он ки гурӯҳи тундрави ДОИШ дар қисме аз қаламравҳои ишғолии Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи худро эълон кард, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ин минтақа рафтанд.
Мақомот гуфтаанд, ҳудуди ду ҳазор нафар ба ин созмони тундрав пайвастанд. Аксар мардон боздошт ё куштаву бенишон шудаанд, вале ҳамсару фарзандони онҳо дар паноҳгоҳҳои Сурия ҳастанд.
Гуфтугӯ