Дар ин урдугоҳ заноне ҳам кам набудаанд, ки бо вуҷуди аз сар гузаронидани ваҳшати ҷанг фарзандони худро дар рӯҳияи ақидаҳои ҷиҳодӣ тарбия мекунанд. Дар ин урдугоҳ беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик ҳам ба сар мебаранд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки ба дасти нерӯҳои курд афтодаанд. Хабарнигори “Садои Амрико”, ки аз ин паноҳгоҳ дидан кардааст, мегӯяд, дар як қисми урдугоҳи
Ал-ҳол шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд. Ба иттилои СММ, дар ин ҷо ҳудуди нӯҳ ҳазор занону кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ аз 60 кишвар нигаҳ дошта мешаванд. Аксари занон дар урдугоҳ ба кӯдаконашон ошкоро ақидаҳои ДОИШ-ро таълим медиҳанд.
Дар наворе, ки мақомоти Ал-Ҳол нашр кардаанд, як наврасе дида мешавад, ки намози гурӯҳе аз кӯдаконро имоматӣ мекунад. Ин наврас худро “Амир” хондааст. Ҷангҷӯёни ДОИШ ҳам раҳбарони худ “Амир” ном мебаранд.
Ин занон хостори гуфтугӯ бо хабарнигори “Садои Амрико” шуданд. Онҳо гуфтанд, фарзандонашонро барои узвият дар гурӯҳи террористӣ омода мекунанд ва ба онҳо либосҳои монанд ба либоси ҷангҷӯёни ДОИШ-ро мепӯшонанд.
Як бошандаи урдугоҳ мегӯяд: «Худо хоҳад, онҳо ҷиҳодӣ мешаванд. Мо бовар дорем, ки “Давлати исломӣ” бармегардад ва фарзандони мо ҷиҳод мекунанд”.
Як кӯдак дар урдугоҳ ба хабарнигор гуфт: “Ту кофар ҳастӣ. Мо туро мекушем. Ба Худо, вақте “Давлати Исломӣ” бармегардад, мо туро мекушем. Ту аз “Давлати Исломӣ” нестӣ. Ту кофарӣ.”
Зани дигаре ба хабарнигор бо корд таҳдид кард.
Вале зани дигаре, ки худро Ум Абдулло муаррифӣ карду хостори сӯҳбат бо хабарнигор шуд, гуфт, ки шаҳрванди Чин аст ва бо ду тифл дар урдугоҳ қарор дорад. Вай аз ҷангҷӯёни ДОИШ барои кӯшиши фирор аз зиндон ситоиш кард. Ҳодиса аввали имсол дар шаҳри Ҳасака рух дод.
Талоши фирори 3500 ҷангҷӯи ДОИШ, аз ҷумла раҳбарони онҳо ба задухӯрди маргборе печид, ки чанд рӯз идома кард. Садҳо нафар, аз ҷумла ҷангҷӯён ва сарбозони курди посбони зиндон кушта шуданд. Ум Абдулло, шаҳрванди Чин гуфт:
“Баъди ҳамлаи бародарони мо ба зиндони Сино, мо хушҳол шудем. Мутмаинем, ки “Давлати Исломӣ” бармегардад. Мо бовар дорем, ки шавҳарони мо як умр дар маҳбас намемонанд.”
Сокинони дигари паноҳгоҳ аз он шикоят мекунанд, ки аксаран мавриди ҳамлаи хонаводаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ қарор мегиранд ва аз онҳо хиёнаткор ном мебаранд. Афзоиши ҳамла ва таҳдидҳои занони ҷангҷӯёни ДОИШ мақомоти паноҳгоҳро водор кардааст, ки макони нигаҳдории онҳоро аз мардуми дигар ҷудо кунанд.
Ум Аҳмад паноҳандаи ироқист, ки пас аз таҳдид ба куштор ба ҷои амн интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи вай, бо пурзӯр шудани бахшҳои гурӯҳи “Давлатӣ исломӣ” ва эҳтимоли ворид шудани онҳо ба паноҳгоҳ, занони ДОИШ-ӣ ҳам боҷуръат мешаванд.
Ум Аҳмад, паноҳандаи ироқӣ дар Ал-ҳол мегӯяд: “Занони ДОИШ-ӣ ба кӯдаконашон таъкид мекунанд, ки “Шумо бояд қассоси падарони худро бигиред.” “Шумо муҷоҳид мешавед”. Онҳо фарзандонашонро дар ҳамин руҳия тарбия мекунанд. 90 дар сад ин паноҳгоҳро пайравони “Давлати Исломӣ” назорат мекунанд. Онҳо бо яроқу гулӯла ба ин ҷо меоянд. “