Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи дигаре аз занону кӯдаконро аз Сурия ба Тоҷикистон меоранд


Хабаргузории "Ховар" гуфтааст, занону кӯдакони тоҷик дар фурудгоҳи Қамишлии Сурия омода парвоз ҳастанд.
Хабаргузории "Ховар" гуфтааст, занону кӯдакони тоҷик дар фурудгоҳи Қамишлии Сурия омода парвоз ҳастанд.

Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки гурӯҳе аз занону кӯдакони тоҷикро аз Сурия ба ватан меоранд.

Ин занону кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмони тундрав дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешуданд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 21-уми май хабар додааст, ки “гурӯҳи дуюми занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд.”

Дар хабар гуфта нашудааст, ки чӣ теъдод аз занону кӯдакон дар роҳ ба ватан ҳастанд, вале як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки 104 нафар, аз ҷумла 31 зан ва 73 наврас (33 духтар ва 40 писар), ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Моҳи июли соли гузашта 146 зану кӯдаки тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон оварда буданд.

Мақомот пештар гуфта буданд, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

Созмони миллал аз Тоҷикистон ва чанд кишвари дигари ҷаҳон хоста буд, ки шаҳрвандонашонро аз паноҳгоҳҳои Сурия берун кунанд.

XS
SM
MD
LG