Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия бармегардонанд


Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия. Акс аз соли 2020 аст
Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия. Акс аз соли 2020 аст

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, нақшаи бозгардонии 500 шаҳрванди кишвар аз паноҳгоҳҳои Сурияро доранд.

Дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарон ва кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти неруҳои курд асир афтодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки 89 кӯдакро аз Ироқ баргардонидаанд ва талоши баргардонидани занону кӯдакони боқимонда аз Сурияро доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9-уми апрел бо сокинони Исфара суҳбат мекард, аз пайвастани ҷавонони ин шарҳр ба гуруҳҳои ифрофтӣ нигаронӣ кард.

Исфара, ноҳияе бо аҳолии беш аз 200 ҳазор дар шимоли Тоҷикистон, дар марзи Қирғизистону Узбекистон ҷойгир аст ва мақомот онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози мазҳабӣ осебпазири кишвар унвон мекунанд. Дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ, ки онро Бонки миллӣ нашр кардааст, беш аз 100 сокини Исфара бо гумони ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ҷустуҷӯ мешаванд.

Қаблан аз рафтани ҳудуди 20 сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ин ноҳия барои “ҷиҳод” дар ҷангҳои Сурия гузориш шуда буд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро “Хилофати исломӣ” эълон кард. Дар он сол ва чанд соли баъд бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гуруҳҳои тундраву терористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастанд. Ҷангҷӯёни зиёди тоҷик кушта шуданд ва занону кӯдаконашон онҷо бева ва ятим монданд.

XS
SM
MD
LG