"Дар кӯча мондем. Се фарзанди маъюб дорам," – мегӯяд Ҳамида Имомова, ки нуҳ сол пеш ба умеди соҳиби хона шудан дар Душанбе ба ширкати "Союз Сохтмон" 50 ҳазор доллар дод, аммо на хона гирифт ва на пул. Мудири ширкатро ба зиндон андохтанд. Сарнавишти бино номаълум монд. Тақдири Ҳамида Имомова ва ҳамроҳонаш низ.
"Дастури раиси шаҳр буд, ки ба шаҳрвандон хона сохта диҳанд," – афзуд ӯ. Биноро бояд дар маҳаллаи 83-юми пойтахт, дар ҳудуди ноҳияи Сино, месохтанд. Тибқи нақша 9-ошёна аст, вале танҳо чаҳор табақаи онро бардоштаанду бас.
Аз "Союз Сохтмон" ба "Арт Иншоот"
Мушкили Ҳамида Имомова ва ҳамроҳонаш пас аз он ҷиддӣ шуд, ки мудири ширкати "Союз Сохтмон" Мунаввар Додохонов соли 2018 ба гуноҳи қаллобӣ 11 сол зиндонӣ шуд ва идомаи сохтмон ба дӯши "Арт Иншоот" уфтод.
"Он вақт танҳо 27 касро ҷабрдида эътироф карданд ва ба додани манзил аз ҳисоби "Арт Иншоот" розӣ шуданд. Мо, 32 нафари дигар, дар як тараф мондем," – мегӯяд Ҳамида Имомова.
Дертар онҳо низ бо қарори додгоҳ расман ҷабрдида шуданд, вале то ҳол барои гирифтани хона номнавис нашудаанд. Ё ҳадди ақал пули худро баргардонда наметавонанд.
Рӯзи 4-уми апрел дар ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт тасдиқ карданд, ки аз мушкили ин гуруҳи мардум хабар доранд, вале касе ҳозир нашуд мавзуъро шарҳ диҳад.
"Дигар ба кӣ муроҷиат кунем?"
Масъулони ҳукумати Душанбе низ ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе соли 2020 бо таъсиси як кумисюн дастур дода будааст, мушкил дар давоми як сол ҳал ва муштариён бо хона таъмин гарданд. Маълум нест, кумисюн чӣ кор кард ва чаро мушкил монд.
“Борҳо ба ҳукумати шаҳри Душанбе рафтем, вале натавонистем ба қабули раиси шаҳр дароем. Фақат ваъда медиҳанд, ки мешавад, баррасӣ мекунем. Ба ҳукумати ноҳияи Сино ва мақомоти дигар ҳам муроҷиат кардем, нашуд. Дигар ба кӣ муроҷиат кунем?" – суол гузошт Хосият Ҳошимова, сокини Душанбе ва яке аз ҷабрдидаҳо.
Маблағе, ки 32 муштарӣ барои бунёди бинои нуҳошёна ба ширкати “Союз Сохтмон” додаанд, аз рӯи ҳисоби худи онҳо ба бештар аз ним миллион доллар мерасад. Дар ин замина иттилои расмӣ нест.
Дар чанд соли охир дар пойтахти Тоҷикистон ва минтақаҳои дигари кишвар сохтмони биноҳои наву баландошёна афзудааст. Баҳси миёни сокинон ва ширкатҳои сохтмонӣ низ.
Мардум бисёр вақт ширкатҳои хонасозиро барои таъхири сохтон ё сифати нохуби биноҳо танқид мекунанд. Мақомот мушкилро рад намекунанд, вале омори умумии чунин биноҳои "мушкилдор"-ро ҳам намегӯянд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад