Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарам Душанбе нағз гуфта овард, лекин қишлоқ равам беҳтар." ВИДЕО


Ҳавои сард дар Тоҷикистон тақрибан як ҳафта боз ҳукмфармост.
Ҳавои сард дар Тоҷикистон тақрибан як ҳафта боз ҳукмфармост.

"Об нест", "гармӣ нест", "қубур кафидааст", "кӯдакон хунук хӯрданд"… Ин бастаи шикояти сокинони Душанбе дар як ҳафтаи охир аст. Аксари онҳо мегӯянд, дар биноҳои баландошёна ҳастанд ва сармои қаҳратун рӯзгори онҳоро мушкил кард.

Намояндагони идораи "Обу корез" ва шабакаи гармидиҳии пойтахт гуфтанд, аз вазъи сокинон хабар доранд. Айни вазъ дар шаҳрҳои дигари Осиёи Марказӣ пеш омадааст. Шаҳрдори Тошканд аз мансаб ронда шуд.

"Об нест"

Нилуфар, сокини кӯчаи Қурбон Раҳимов дар Душанбе, ҳамроҳи ҳамсояҳо обро аз ҳавлиҳои атроф мекашанд. "Як ҳафта боз об надорем. Дар ошёнаи нӯҳум ҳастем. Дар чунин шароит зистан осон нест," - гила кард ӯ рӯзи 17-уми январ.

Набудани обро дар баъзе аз биноҳои баландошёна ба "ях бастану кафидани лӯлаҳо" пайванд доданд. Баҳриннисо Муқимова, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, аз беобӣ ҳоли зоре доранд. "Бовар накунед, рафта бинед. Вазъи ҳоҷатхонаҳо ҳам бад шудааст. Чӣ кор кунем? Хунук аст. Лӯлаи об кафидааст," -- афзуд ӯ.

Видеоро инҷо бубинед:

Баъзе биноҳо дар Душанбе сарду беоб мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Мамлакат Почокалонова аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба хонаи писараш ба Душанбе омадааст, вале тавре худаш мегӯяд, мушкили беобӣ боис шуд, ки зудтар баргардад: "Келинам ҳомила аст, пагоҳ-фардо таваллуд мекунад. Дар як рӯз се бор об мекашонад. Писарам маро аз деҳа оварду гуфт, ки шароити Душанбе хуб аст, хонаҳо гарм. Ҳоло бинед чӣ шуд."

Намояндагони корхонаи "Обу корези Душанбе" сабаби бе об мондани баъзе аз биноҳои бисёртабақаро дар пойтахт садама дар лӯлаҳои обрасонӣ номиданд. Меҳроҷиддин Бобораҳимов, корманди ин ниҳод, рӯзи 17-уми январ Озодӣ гуфт, ӯ ва ҳамкоронаш ҳоло аз пайи ҳалли мушкили мардум ҳастанд.

"Омодагӣ хуб буд, аммо ягон кас гуфта наметавонист, ки якбора ин қадар хунук мешавад. Мушкилиҳоро бартараф карда истодаанд," -- афзуд ӯ. Дар посух ба ин пурсиш, ки феълан аз пайи ҳалли чӣ мушкиланд, гуфт, "сармо аст, лӯлаи об аз хунукии зиёд кафидааст. Як қубур кафид, ними бино бе об мемонад. Тамоми минтақа аз оби ошомиданӣ маҳрум мешавад."

"Хона сард аст"

Шикояти дигари сокинон дар ин рӯзҳо сардии хонаҳост. Саидмурод Муродов, сокини Душанбе, ки дар кӯчаи Айнии пойтахт ба сар мебарад, гуфт, муроҷиати батакрор барои ҳалли мушкил бенатиҷа монд.

"Бовар кунед, дар хона кӯдак дорем, ҳама касал шуд. Занг задем, мегӯянд, ҳаво камтар гарм шавад, хона гарм мешавад. Он вақт гармӣ ба кӣ даркор? Зарур шавад, 2-3 ҳазор одам имзо карда, то президент мебароем. Моро 3-4 сол шуд ҳамин хел аҳмақ мекунанд.»

Масъулони Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе сабаби кам шудани гармиро дар манзили сокинон "боз будани даромадгоҳи биноҳо ва ҳифозат нашудани лӯлаҳои оби гарм дар таҳхонаҳо" номиданд.

Абдуҷаббор Ёров, мудири идора, гуфт, кормандонаш барои ҳалли мушкил ба маҳалли зисти одамон мераванд. "Даромадгоҳи биноҳоямон дару тиреза надоранд, нерӯи гармӣ гум мешавад. Суроғаи сокинонро гӯед мо рафта ҳал мекунем."

Дар тақрибан як ҳафтаи охир танқидҳо аз хидматрасонии бахши коммуналии пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар садо дода, баъзе аз корбарон гуфтанд, сардиҳои ахир нишон дод, ки мақомот ба зимистонгузаронӣ омодагии кофӣ надоштанд.

Баъзе аз фаъолони шабакаи "Фейсбук" навиштанд, об надоранд, манзилашон сард аст, вале муроҷиатҳояшон ба идораҳои давлатӣ ҷиддӣ гирифта намешавад. Дар ин рӯзҳои сардӣ нигарониҳо аз қатъи ногаҳонии нерӯи барқ ҳам ба назар мерасад.

Солҳои пеш дар фасли сармо одатан мардуми деҳот аз қатъи нерӯи барқу манзилҳои сард шикоят мекарданд. Имсол дар пойтахт сокинон ба чунин мушкил рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, чунин сардиҳо дар Тоҷикистон дар 15 соли охир собиқа надоштааст. Тибқи пешгӯии Идораи ҳавошиносии кишвар, сардиҳо дар Тоҷикистон то 20-уми январ идома хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG