Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Илтимос, ғам надиҳед, бе шиноснома мех намефурӯшем" ВИДЕО


Харидани мех дар Тоҷикистон мушкил шудааст
Харидани мех дар Тоҷикистон мушкил шудааст

Сокинони Тоҷикистон ба мисли қабл ба осонӣ наметавонанд меху дигар масолеҳи сохтмонӣ бихаранд. Дар баъзе аз мағозаҳо мехро бидуни шиноснома намефурӯшанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе фурӯшандаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт. Чаро?

"Гуфтанд, дастури мақомот аст"

Маҳмудхон Ишонхонов писари усто аст. Онҳо дар шаҳри Истаравшан хона месозанд. Маҳмудхон зуд-зуд барои гирифтани масолеҳи сохтмонӣ ба мағоза меравад. Мегӯяд, пештар фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла мех, озод буд, вале ҳоло бо шиноснома мегирад.

Овезае дар як мағоза
Овезае дар як мағоза

Мусоҳиби мо рӯзи 9-уми март гуфт, “фурӯшандаҳо гуфтанд, ки аз мақомот ҳамин хел дастур гирифтаанд. Ҳангоми гирифтани мех дар як дафтар ному насаб, рақами шиноснома, суроға ва чанд кило мех гирифтанро менависанд.”

Тартиби фурӯши баъзе аз анвои маҳсулоти сохтмонӣ бо шиноснома бори аввал дар соли 2017 ҷорӣ шуд. Баъзе аз фурӯшандаҳо гуфтанд, то моҳи январи имсол онро ҷиддӣ намегирифтанд.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар чанд мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нишон дод, ки харидани мех ва мехи печдор (саморез) бе шиноснома манъ аст. Ҳеч яке аз фурӯшандаҳо ҳозир нашуданд, дар назди дурбин суҳбат кунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Илтимос, ғам надиҳед, мех намефурӯшем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

"Нусхаи шиносномаро мегирем, дар дафтар менависем"

Ба гуфтаи камаш ду фурӯшанда, моҳи январи имсол нозири минтақа аз онҳо талаб кард, ки дигар бе шиноснома ба касе мех нафурӯшанд. “Шиносномаи харидорро акс мегирем, дар дафтар чӣ қадар харид карданашро менависем. Ҳар моҳ нозири минтақа омада, дафтарро тафтиш мекунад. Ба мо ҳушдор доданд, ки агар бе шиноснома ба касе мех фурӯшем, ҷарима ва ҳатто ҳабси маъмурӣ мекунанд,” -- гуфт яке аз тоҷирон бе зикри номаш.

Кӯшиши мо рӯзи 9-уми март барои гирифтани шарҳи мақомот, аз ҷумла назари Вазорати корҳои дохилӣ, бенатиҷа буд. Намояндагони ҳукумат дар соли 2017 низ тасмимро шарҳ надода буданд. Танҳо як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ чанд сол пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳадаф “пешгирӣ аз ҳодисаҳои террористӣ аст”.

Ба назар мерасад, тартиби фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бо шиноснома асосан дар ноҳияҳо ҷиддӣ гирифта шудааст. Ҳадди ақал рӯзи 9-уми март дар ду мағозаи калони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар Душанбе мехро бидуни шиноснома мефурӯхтанд.

Пештар дар баробари мех, инчунин, харидорони гази моеъ, кислород ва карбитро ҳам номнавис мекарданд. Ниҳодҳои қудратӣ ҳамасола аз пешгирии амалҳои террористӣ дар кишвар хабар медиҳанд, ҳарчанд шубҳаву гумонҳо ба ҳарфҳои мақомот кам нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG