Пас аз ду моҳи кушта шудан ҷасади маҳбуси тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол додаанд.
Ҷунайдулло Маҳмадуллои 33-сола, ки бо гумони даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир дар Русия зиндон шуда буд, тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Украина ҷалб шудааст. То анҷоми ҳукмаш чор соли дигар монда будааст, вале ба гуфтаи наздиконаш, ба ӯ ваъда кардаанд, ки шаш моҳ дар ҷанг ширкат кунад, раҳо мешавад.
Ӯро рӯзи 26-уми март дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдаанд.
Маҳмуд, як тан аз дӯстони ӯ рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳи январи имсол Ҷунайдулло захмӣ ва дар як беморхонаи саҳроӣ бистарӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти рус ба наздиконаш гуфтаанд, ки ҳангоми ҳамла ба беморхонаи низомии саҳроӣ дар хоки Украина Ҷунайдулло кушта шудааст.
Дар санаде, ки ҳамроҳи тобут фиристода шудааст, рӯзи марги ин маҳбуси тоҷик 8-уми феврал навишта шудааст. Ҷунайдулло ҳамсар ва ду кӯдаки хурдсол дорад.
Мақомоти рус то кунун ҳеҷ мавриди кушта шудани маҳбусони тоҷик дар ҷанги Украинаро шарҳ надодаанд.
То кунун ҳалокати беш аз 20 маҳбуси тоҷик, ки ба ҷанги Укриана ҷалб шудаанд, расонаӣ шудааст. Теъдоди аниқи маҳбусоне, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, маълум нест, вале расонаҳо аз ҷалби ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Русия ба ҷанг хабар нашр карда буданд.
Шеваи ҷалби онҳо ба ҷанг маълум нест, вале мақомоти Русия ваъда кардаанд, ки пас аз ширкат дар ҷанг онҳоро озод мекунанд.
Евгений Пригожин, сарватманди ҳампаймони Владимир Путин ва раҳбари созмони низомии “Вагнер” гуфта буд, ки беш аз панҷ ҳазор маҳбус дар Русия баъди рафтан ба ҷанг афв шуданд.
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои ӯ мушкил аст. То кунун ҳеч далеле аз раҳоии маҳбусони тоҷик пас аз ширкат дар ҷанги Украина ошкор нашудааст.
Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, ки ба ҷанги Украина нараванд. Русия, ки бесабаб, як соли пеш, ба Украина ҳамла кард, зоҳиран ба мушкили нерӯ дучор шудааст ва аз ин рӯ, ба ҷалби зиндониён даст задааст. Ҳамлаи Русия ба Украинаро аксари кишварҳои олам маҳкум кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як зиндонии дигари тоҷик дар Украина кушта шудааст"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?Русия ҷасади Аҳмадалӣ Нуровро ба наздиконаш дар Тоҷикистон додНоми "чанд тоҷик, узбек ва қирғиз" дар қабристони "вагнериҳо". ВИДЕОТобути 4 тоҷики зиндониро аз Русия овардаанд. Мотам дар Ванҷу Ҳисор. ВИДЕО Беш аз 30 ҳазор зархариди "ЧВК Вагнер" кушта ва захмӣ шудаандВазир: мухолифи ширкати тоҷикон дар ҷангҳои хориҷӣ ҳастем