Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зиндонии дигари тоҷик дар Украина кушта шудааст


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст.

Ислом Саидмуродов 48 сол дошт.

Мақомоти гуфтанд, ӯро рӯзи 23-юми март дар зодгоҳаш, деҳаи Тутқавули ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норак, дафн карданд.

Саидмуродов соли 2005 ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буд.

Қурбоналӣ Саидмуродов, бародари Ислом Саидмуродов, рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ба ҷанги Украина рафтани бародараш хабар надошт.

"Бори охир моҳи ноябри соли 2022 телефонӣ гап зада будем," -- гуфт ӯ.

Аз маҳбуси кушташудаи тоҷик се фарзанд монд.

То кунун номи тақрибан бист шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG