Дар вилояти Маскав қабристони наверо ёфтанд, ки ба ширкати хусусии низомии “Вагнер” тааллуқ дорад. Дар онҷо маҳбусони кушташуда дар ҷанги Украина, аз ҷумла чанд зодаи Осиёи Марказиро дафн кардаанд. Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми феврал навишт, номи чанд шаҳрванди Узбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро ёфт.
Радиои Озодӣ то ин дам тасдиқи кушта шудани 14 зиндонии тоҷикро дар ҷанги Русия дар Украина ёфт. Пайвандонашон гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ ва ё бо ваъдаи афв бурда буданд. Чанд тобут ба Узбекистон ва Қирғизистон ҳам расидааст.
Муродбег Саидов, Баҳодур Ҷонибеков...
Қабристони нав дар деҳаи "Маврин"-и ноҳияи Шелковский ҷойгир аст. Дар санги болои гӯрҳо ному насаби ҳалокшудаҳоро навиштаанд. Ҳамаашон мард ҳастанд ва дар миёнаҳои моҳи октябри соли 2022 ва январи соли 2023 дар ҷанги Украина кушта шудаанд.
Ному насаби баъзе аз онҳо чунин аст:
- Саидов Муродбег Султонбегович (05.04.1986 – 27.11.2022);
- Айдаралиев Амон (27.08.1982 – 24.10.2022);
- Ҷонибеков Баҳодур Буранович (19.08.1977 – 11.01.2023);
- Ғуломҷонов Адҳамҷон Луқмонҷонович (16.09.1994 – 19.11.2022);
- Авазов Эркин (20.12.1967 – 01.12.2022);
- Юсупов Шӯҳрат Одилҷонович (07.04.1978 – 23.12.2022).
Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми феврал навишт, шахсияти баъзе аз инҳоро дақиқ кард. Ба иттилои манбаъ, Муродбег Саидов 37-сола ва аз Тоҷикистон будааст. "Ӯро дар миёнаҳои соли 2020 дар Русия ба зиндон маҳкум карданд," – омадааст дар гузориш. Дар санги болои қабраш навиштаанд, дар охири моҳи ноябри соли 2022 кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон рад ё тасдиқ накардаанд.
Баҳодур Ҷонибеков аз ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах буд ва дар Екатеринбург мезист. Адҳамҷон Ғуломҷонов аз Қирғизистон пеш аз зиндонӣ шуданаш дар вилояти Владимир буд. Ӯро ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир соли 2019 ба 12 сол зиндон маҳкум карданд. Амон Айдаралиев ҳам аз Қирғизистон аст. Ӯ соли 2020 дар вилояти Калуга ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуд.
"Боздошту тафтиш мекунанд"
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, қабристони деҳаи "Маврино"-ро гуруҳе посбонӣ мекунанд. Онҳо дар асл низомӣ ҳастанд, вале ба тан либоси мулкӣ доранд. Ба нақли мардум, ин афрод ҳар нафареро, ки ҳудуди қабристонро акс ё навор мегирад, боздошту тафтиш мекунанд.
Анна Соколова, сокини ноҳияи Шелковои вилояти Маскав, хабар дод, ки дар қабристони нав 22 “вагнерӣ”-ро гӯрондаанд. Вай гуфт, дар баъзе аз қабрҳо салиб нагузоштаанд, "чун онҳо мусулмон ҳастанд".
Бо вуҷуди онки мақомот ва Вазорати дифои Русия мегӯянд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар Украина "талафоти ночиз" додаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳо дар бораи афзоиши гӯристони "Вагнер" дар тамоми минтақаҳои Русия идома дорад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки намояндагони "Вагнер" маҳсубонро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина мебаранд. Дар байни онҳо муҳоҷирони зиндонӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд.
Намегӯянд ё намедонанд?
Тоҷикистон
Мансабдорони Тоҷикистон намегӯянд ё ба қавли худашон намедонанд, ки то ин дам чӣ қадар аз шаҳрвандони зиндонии кишвар дар Русия ба ҷанг дар Украина бурда ва чӣ қадарашон кушта шудаанд. Омори дақиқи зиндониён низ маълум нест. Ҷониби Русия ҳеч шарҳ намедиҳад.
Шӯҳрат Аҳмадзода, намояндаи ниҳод дар Русия, дар нимаи моҳи феврал гуфт, “чунин маълумотро Вазорати корҳои дохилӣ дорад”. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, “ин хел оморро надорем. Дар салоҳияти мо нест.”
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки Идораи зиндонҳои кишвар тобеаш аст, гуфт, “ин ваколати Прокуратура аст, суолро метавонед, ба онҳо диҳед.” Дар Додситонии кул гуфтанд, омори маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест.
Навор дар бораи тоҷикони зиндонӣ, ки дар Украина кушта шудаанд:
Узбекистон
Дар Узбекистон ҳам намегӯянд, ки кадом ниҳод ба ин масъала сарукор дорад. Бахши узбекии Радиои Озодӣ ба Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон муроҷиат кард. Як кормандаш гуфтааст, "иҷозаи гап задан надорад", вале ҳамзамон афзуда, ки ба зиндонҳои Русия дастрасӣ надоранд.
“Дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди мо ҳаст. Аз чунин хатар эмин нигоҳ доштани ҳамаи онҳо имконнопазир аст. Илова бар ин, маълумот надорем, ки онҳоро маҷбуран ба ҷанг бурдаанд. Боис ба таассуф аст, ки баъзе аз шаҳрвандони мо зери таъсири даъватҳо мемонанд," – гуфтааст сухангӯи Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон.
Ҳафтаи гузашта хабар расид, ки тобути ду ҷавонро, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, аз Русия ба вилояти Самарқанд бурданд. Ду ҷавони дигар аз Намангон дар Украина "ғайб задаанд".
Қирғизистон
Ба Қирғизистон ҳам камаш тобути чор шаҳрванди кушташудаи ин кишварро аз Русия овардаанд.
Бино ба иттилои охирин, ҳудуди 1077 шаҳрванди Қирғизистон дар Русия зиндонӣ аст. Як вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, барои пешгирӣ аз ирсоли шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷанги зидди Украина, раванди овардани онҳоро аз зиндонҳои Русия ба зиндонҳои Қирғизистон тезонанд.
Гуфтугӯ