Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 30 ҳазор зархариди "ЧВК Вагнер" кушта ва захмӣ шудаанд


Бинои Идораи "ЧВК Вагнер"
Бинои Идораи "ЧВК Вагнер"

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 30 ҳазор зархариди "ЧВК Вагнер" кушта ва маъюб шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 17-уми феврал Ҷон Кирбӣ, намояндаи Шӯрои амнияти ИМА хабар дод.

Дар умум, ба иттилои Қасри Сафед, аксари зархаридон дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Кирбӣ, наздики 90 дарсади кушташудаҳо зиндониёне ҳастанд, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг ҷалб шуда буданд.

Охири соли гузашта хабари кушта шудани беш аз даҳ зиндонии тоҷик дар ҷанги Украина низ расонаӣ шуда буд.Наздиконашон гуфта буданд, ки онҳоро бо зӯр ба ҷанг бурдаанд.

Кирбӣ гуфт, ки русҳо бо зиндониёни ба ҷанг ҷалб шуда бераҳмона муносибат карда, онҳоро ба дами оташи ҷанг ҳавола кардаанд.

"ЧВК Вагнера" – як созмони ғайрирасмии низомӣ аст, ки аз ҷониби Евгений Пригожин, як соҳибкори рус ташкил шудааст.

Иштироки зархаридони ин созмон дар ҷангҳои Африқо, Сурия ва Украина сабт шудааст. Онҳоро дар даҳҳҳо ҷинояти ҷанги муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG