Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, дастгир шудааст. Мақомот хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Худоёрзода ҳафтаи гузашта боздошт шуд.
Дар Додситонии ноҳияи Восеъ рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбат ба Худоёрзода ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ (банди 316-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушоданд.
Ҳамсуҳбати мо дар Додситонӣ ба шарти фош нашудани ном гуфт, "таҳқиқ идома дорад ва кори ӯро аз соли 2017 (замони таъин шуданаш ба мансаби муовини раиси ноҳия) то соли 2021 месанҷанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Алихон Худоёрзода муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ дар масъалаи сохтмон буд. Ҳамзамон раёсати кумисюни тақсими заминро дар ноҳия ба уҳда дошт.
Хабарнигорон рӯзи 7-уми февраи имсол дар нишасти матбуотии масъулони ноҳия мавзӯи заминро бардоштанд. Алихон Худоёрзода дар нишаст буд ва шикоятҳоро дар бораи надодани замин ба сокинон беасос номид.
Вай он замон гуфт, "масъалае, ки инҳо гап заданд, соли 2017, моҳи сентябр, шудааст. Сокинон ҳангоми тақсими қитъаи замин дар деҳаи Саричашма дар қуръапартоӣ набуданд. Ягон кас ҳам муроҷиат накард."
Баъзе аз сокинони норозӣ мегӯянд, дар даст қарори раиси ҳукуматро доранд, аммо ба онҳо замин дода нашудааст. Яке аз онҳо Қиёмиддин Низомов аст. Даъво дорад, ки замини ӯро ба каси дигар доданд.
"Дар қуръапартоӣ будам. Ҳама санадро доштам. Заминро гирифтанд ва ба каси дигар доданд," -- иддао дорад Қиёмиддин Низомов.
Алихон Худоёрзодаи 57-сола дар моҳи июни соли 2017 муовини раиси ноҳияи Восеъ таъин шуд. Мавқеи пайвандонаш ба иттиҳоми зидди ӯ маълум нест. Яке аз хоҳарзодаҳояш бо шунидани номи хабарнигор гӯширо гузошт.
Мақомот ҳам расман дар бораи парвандаи муовини раиси ноҳияи Восеъ чизе намегӯянд. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ба ӯ ҷарима ё чаҳор сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар минтақаи Кӯлоб бори аввал нест, ки муовини раиси як ноҳия дар бахши сохтмону тақсими замин боздошт мешавад. Баъзеи онҳо бо пардохти товон ва аз толори додгоҳ озод шудаанд.