Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раис заминҳоро забт карда гирифт." Хеши раис: "асос надорад" ВИДЕО


Ин пирамардон аз Рашт ба Душанбе омадаанд, то бидонанд, ки баҳси онҳо сари замин кай поён меёбад.
Ин пирамардон аз Рашт ба Душанбе омадаанд, то бидонанд, ки баҳси онҳо сари замин кай поён меёбад.

Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Порвори ноҳияи Раштро ҳалношуда мондани баҳси чарогоҳ бо хонаводаи Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳия нигарону саргардон кардааст.

Ба қавли Сайдамир Гулаков, яке аз ин сокинон Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳси чарогоҳро ба нафъи онҳо ҳал кардааст, вале бо гузашти як сол аз қарори додгоҳ, ҳукумати ноҳия чарогоҳро дар ихтиёри онҳо намегузорад.

Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунад. Ӯ рӯзи 4-уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ пас аз шунидани савол дар бораи баҳс, гуфт, дар маҷлис аст ва имкони суҳбат кардан надорад. Баъдан ба зангҳои Радиои Озодӣ ҷавоб надод.

Сайдамир Гулаков мегӯяд, Қаноатшо Лоиқзода чанд сол пеш ҳангоми раисияш ба пайвандони худ чарогоҳҳоеро дод, ки дар гузашта умумӣ буд. Лоиқзода ду сол пеш аз мансаб барканор шуд. Талошҳои мо барои сӯҳбат бо худи ӯ натиҷа надод. Сайдамир Гулаков гуфт: "Вақте Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳия шуд, заминҳоро забт карда гирифт. Вақте чорвои мо ба чарогоҳ баромад, моро ҷарима карданд. Намегузоранд, чорворо ба чарогоҳ бубарем.”

Гуруҳе аз сокинони Рашт мегӯянд, раиси пешин заминашонро гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Идибек Лоиқов, бародари Қаноатшо Лоиқзода, ки нахост доир ба моҷаро бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад вале дар як суҳбати қаблӣ гуфта буд, ки аз соли 1994 боз хоҷагии деҳқонӣ доранд ва "баъзе аз сокинони маҳалла дар ҳаққи онҳо шикояти беасос доранд, ки чарогоҳашонро гирифтаем."

Дар деҳаи Тагобаи Рашт ҳудуди 160 хонавода зиндагӣ доранд, ки даромади аслиашон аз чорводорӣ аст. Таваралӣ Абдулҳақов, сокини дигари деҳаи Порвор мехоҳад, ҳар чӣ зудтар ба баҳси чарогоҳ нуқта гузошта шавад. Вай гуфт, агар заминҳои чарогоҳ ба ихтиёри сокинон гузошта нашавад, маҷбуранд ба ягон деҳаи дигар бикӯчанд, зеро чорводорӣ манбаи асосии даромадашон аст.

Тибқи иттилои додгоҳ, раиси собиқи ноҳия Қаноатшо Лоиқзода соли 2018 бо як қарор ба хоҷагии "Абдухолиқ", ки муталлиқ ба наздикнаш аст, замин додааст. Мудири хоҷагӣ Мойнисо Суфиева ҳамсари бародари Қаноатшо Лоиқзода аст. Хоҷагии деҳқонии онҳо аз соли 2015 бештар аз 800 гектар замин доштааст ва қитъаҳои дигари чарогоҳ дар масоҳати зиёда аз ҳазор гектарро барои истифодаи яукмрӣ соҳиб шудааст. Ин қарор боиси эътирози баъзе аз сокинони маҳалла шудааст, ки ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардаанд, то мушкили дастрасӣ ба чарогоҳро ҳал намояд.

Дар санадҳои расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, шахсоне, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд, зиёда аз 190 кас ҳастанд. Барои беэътибор кардани қарори раиси пешини ноҳия, раёсати феълии ҳукумати Рашт ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешин дар бораи ба шахсони наздикаш додани беш аз ҳазор гектар чарогоҳ беэътибор кардааст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, “заминҳои дар соли 2015 ҷудошуда барои таъмини хӯроки чорвои хоҷагии "Абдухолиқ" кофӣ буда, барои васеъ намудани ҳудудҳои замини он асоси қонунӣ вуҷуд надорад.” Додрас қарори раиси ноҳияро мухолиф ба қонунгузорӣ дониста, гуфтааст, ки қарор ба теъдоди саршумори чорвои хоҷагӣ мутобиқат намекунад ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон “дағалона вайрон шудааст.” Наздикони Қаноатшо Лоиқзода аз ҳукми мазкур ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдаанд, вале шикояташон қонеъ нашудааст.

Ҷамолуддин Давлатов, ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияи Рашт, рӯзи 4-уми ноябр дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси чарогоҳ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва танҳо баъди ҳалли баҳс метавонад суҳбат кунад. Додгоҳи олии иқтисодӣ дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки қитъаи замини баҳсиро, ки дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии "Абдухолиқ" будааст, ба ихтиёри давлат баргардонидааст.

Бо вуҷуди, қарори додгоҳ, феълан рӯшан нест, ки ин баҳси печида ба чӣ меанҷомад. Рашт як ноҳияи кӯҳистонист ва сокинонаш ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Мушкили дастрасӣ ба чарогоҳҳо танҳо хоси ин ноҳия набуда, соҳибони чорво дар минтақаҳои дигар низ шикоят мекунанд, ки барои чаронидани гову гӯсфандашон ҷой надоранд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллиону 300 ҳазор чорвои калон ва беш аз 5 миллион чорвои хурд вуҷуд дорад. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳот ва манбаи даромади оилаҳои зиёде аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG