Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замини нобиноёнро ба соҳибкоре додаанд. Қарори раис бекор шуд, аммо ҷанҷол поён наёфт. ВИДЕО


Ҷанҷоли нобиноён бо як соҳибкор

Қарори раиси шаҳри Ваҳдат як қитъаи заминро ба мояи баҳс байни гурӯҳе аз нобиноён ва соҳибкори маҳаллӣ табдил додааст. Ин замини баҳсӣ се сол пеш ба соҳибкоре дода шуд. Нобиноён мегӯянд, замин аз корхонаи онҳост ва талош доранд, ки онро бозпас бигиранд. Се сол боз гоҳ ин ва гоҳе он тараф баранда мешаванд.

Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдат гуфтанд, дар пайи шикояти нобиноён қарори тақсими заминро бекор кардаанд, аммо соҳибкор розӣ нест ва мегӯяд, бояд садҳо ҳазор сомонии аз дастрафтаашро ҷуброн кунанд.

Қарор бекор шуд, заминро барнагардонданд

Таваккал Табаров, раиси Созмони нобиноён, ки ҳамзамон иҷрокунандаи мудири корхонаи таълимию истеҳсолии нобиноёни шаҳри Ваҳдат аст, гуфт, замин дигарбора ба ихтиёри онҳо нагузаштааст. Ӯ рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шикоят ба Додситонии кул ва дахолати ин ниҳод, қарор дар мавриди додани қитъаи замин бекор шуд, аммо замин ҳанӯз дар ихтиёри соҳибкор аст.

"Бубинед, атрофи замине, ки дар вақтҳои холӣ рафта, дар онҷо истироҳат мекардем, бо девор маҳкам печонда шудааст. Замин ба ҳолати аввал баргардонда нашуд. Ҷамъият ҳамагӣ ду гектар замин дорад ва 11 сотихашро ба соҳибкор додаанд", -- афзуд Табаров.

Замини баҳсӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон, дар наздикии бинои асосии Созмони нобиноён ҷойгир буда, ба қавли онҳо, макони истироҳаташон будааст. Марҷона Қурбонова, яке аз нобиноён, гуфт: "Вақтҳои бекорӣ ба он ҷо мерафтем, асабҳоямон каме ором мегирифт. Медонед, ки шахсони маълул асабҳои хароб доранд".

Мухолифати се ниҳод

Кумитаи идораи замин ва геодозии Тоҷикистон дар номае ба раиси шаҳри Ваҳдат гуфтааст, замини корхонаи нобиноён бе ризояти истифодабарандагон ба нафари дигар дода шудааст. Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Дар як санади расмии корхонаи давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" навишта шудааст, ки дар шиносномаи техникии корхонаи нобиноён замин ҳамчун боғи корхона сабт шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон низ дар посух ба муроҷиати нобиноён қарори ҷудо намудани қитъаи заминро хилофи қонунгузорӣ номидааст.

Мусоҳибони мо дар Созмони нобиноён гуфтанд, норозигии ниҳодҳои гуногуни давлатӣ аз қарори тақсими замин танҳо пас аз шикояту муроҷиатҳои онҳо сурат гирифт.

Омӯзиши санадҳои расмии дастрасшуда ва таҳқиқи Радиои Озодӣ низ нишон дод, ки то муроҷиатҳои аъзои Созмони нобиноён ба чанд идораи давлатии кишвар, масъалаи то куҷо қонунӣ будани қарори тақсими замин баррасӣ нашудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷанҷоли гурӯҳе аз нобиноён бо соҳибкоре барои замин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Соҳибкори тоҷик мегӯяд, ӯ 600 ҳазор сомонӣ харҷ кард

Раҳматулло Нуралиев, соҳибкори тоҷик, мегӯяд, вақте ин қитъа дар ихтиёри ӯ гузошта шуд, касе нагуфт, ки ба нобиноён дахл дорад. Ӯ рӯзи 27-уми май гуфт, "дар инҷо 600 ҳазор сомонӣ харҷ кардам. Сангпора оварда, ҳамвор намудам, як бино сохтам, атрофашро девор гирифтам. Ду сол шуд, ки маро ғам медиҳанд, намегузоранд, корамро пеш барам. Дар ин сурат бояд пули маро диҳанд."

Мудири корхонаи таълимию истеҳсолии нобиноёни шаҳри Ваҳдат мегӯяд, заминро ба соҳибкор на онҳо, балки масъулони шаҳр додаанд ва пардохти ҷубронаш низ бар дӯши онҳост.

Дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат, ки бо қарори раиси он чунин ҳолат пеш омада, додситонӣ онро бекор кардааст, рӯзи 27-уми май касе ҳозир нашуд, масъаларо шарҳ диҳанд. Рӯзи 28-уми май Шокирҷон Икромзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "аввал намояндаи ҷамъияти нобиноёнро гӯед, ба назди мо биоянд."

Икромзода ба ин суол, ки чаро раиси шаҳр қарори худро дигарбора бекор кард, ҷавоби дақиқ надод.

Тақсими замин – баҳси доғ дар Тоҷикистон

Пас аз он ки баҳси ин қитъаи замин ҳалли ниҳоии худро намеёбад, ду тараф, яке барои барқарор намудани қитъаи замин ва дигаре барои ҷуброни харҷҳояш ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.

Тақсими ғайриқонунии замин солҳо боз ба як масъалаи доғ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бино ба омори расмии додситонӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон нисбат ба 296 корманди идораҳои гуногун барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Аксари инҳо муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзию парандапарварӣ, раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои Кумитаи замин будаанд.

Вуҷуди фасоди молӣ, таъсири омилҳои инсонӣ ва беназоратӣ аз сабабҳое гуфта мешаванд, ки боис ба тақсими ғайриқонии замин ва ҳар гуна баҳсҳо шудааст. Ҳарчанд намояндагони Кумитаи замин ва ниҳодҳои дигари марбута пайваста таъкид мекунанд, ки мубориза бо хариду фурӯши заминро пурзӯр намудаанд.

XS
SM
MD
LG