Китоби "Аз Одаму Ҳаво" дар Фаронса ва ба забони тоҷикӣ нашр шуд. Муаллифаш рӯзноманигори ҷавон Зеварбону Рауфӣ аст. Ӯ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, чанд сол боз ҳамроҳи пайвандон дар кишвари аврупоӣ кору зиндагиву таҳсил мекунад.
"Аз Одаму Ҳавво" аз чанд достону ҳикоя иборат аст ва, бино бар пешгуфтори он, "дар мавзӯи муҳаббат, садоқат, рафоқат, хиёнат, адолат ва арзишу меъёрҳо" баҳс мекунад. Зеварбону Рауфиро барои суҳбат даъват кардем ва аз ӯ пурсидем, ки мухотабони китобаш, ки дар Фаронса ва бо хати сириллик чоп шуд, киҳоянд?
Зеварбону Рауфӣ: "Ростӣ, китобро ба хотири расондани он ба дасти мухотаби хос нанавиштам. Фикр мекунам, аксар осори адабӣ ҳамин тавранд. Барои мухотаби хос навиштан махсуси журналистика аст. Навиштани китобро соли 2013 шуруъ кардам. Ҳудудан дар соли 2015 ба итмом расонда будам. Он замон дар гӯшаи хаёлам набуд, ки китоб рӯзе дар Фаронса чоп мешавад. Фикр мекардам, дар канори устодону дӯстонам дар Тоҷикистон нашр мешавад ва сари як суфра менишинем ва онҳо мехонанду назарашонро мегӯянд."
Радиои Озодӣ: "Аз Одаму Ҳавво" бо ин ҷумла сар мешавад: "Моро аз Меҳани хеш ронданд!" Паёми Шумо чист? Оё ба зиндагии худатон пайванд дорад?
Зеварбону Рауфӣ: "Ҳамон тавр, ки гуфтам, китоб соли 2015 тақрибан ба поён расида буд. Барои ҳамин, дар гӯшаи хаёлам набуд, ки вақти чопаш хориҷ аз Тоҷикистон хоҳам буд. Диди ман ба зиндагӣ шояд ин тавр аст, ки мо ҳамаамон мусофир ҳастем. Ба ин дунё бидуни ин, ки худамон интихоб кунем, ворид мешавем, шояд вазоифе барои худамон таъин мекунем, онҳоро амалӣ мегардонем ва сипас дунёро тарк мекунем. Мешавад гуфт, ки ҳамаи мо ғариби ин мулкем ва як рӯзе ба ватани хеш бармегардем."
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар яке аз достонҳо зиндагии шумо ва хонаводаатон дар Машҳади Эрон тасвир шуда. Ҳоло дар Фаронса ҳастед. Аз дурӣ ва ғурбат хаста нашудед?
Зеварбону Рауфӣ: "Ростӣ, аз кӯдакӣ шакли зиндагии мо чунин буда, ки аз кишваре ба кишваре сафар кардем, вале ҳамеша баргаштем ба Тоҷикистон. Наметавонам бигӯям, ки аз сафар хаста мешавам, чун сафар одамро пухта мекунад, дар сафар бо инсонҳои ҷадид ошно мешавем, фарҳангҳои тозаро мебинем, чизҳои нав меомӯзем. Ҳамаи ин боис мешавад, ки ҳатто агар дилтангӣ барои бозгашт ба меҳан рӯйи қалбамон сангинӣ кунад ҳам, сафар кардан бароямон хастакунанда нест."
Радиои Озодӣ: Хабарҳои вобаста ба Тоҷикистонро пайгирӣ мекунед? Аз чӣ нороҳат мешавед?
Зеварбону Рауфӣ: "Воқеан, иттифоқҳои хуб дар кишвари мо хеле ангуштшумор ҳастанд. Вақте як корхонае боз мешавад, ки дар ҳақиқат кор мекунад ва ду рӯз пас баста намешавад; ё дар як ноҳияи дурдаст мактаб боз мешавад, ки ҷавонони меҳани ман он ҷо таҳсил мекунанд, хушҳол мешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо бештар хабарҳо нороҳаткунанда ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Агар ҳоло дар Тоҷикистон будед, чӣ вазъияте доштед? Фикр мекунед, "Аз Одаму Ҳавво" буд?
Зеварбону Рауфӣ: "Агар дар Тоҷикистон мебудам, шояд хеле пештар китоб нашр мешуд. Ба хотири ҳамин сафарҳо чопи китоб ба ақиб уфтод. Аз инки ҳамкорони ман, Далери Эмомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ ё Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва хабарнигорони дигар, ки таҳти фишор ҳастанд, хеле нороҳату нигарон ҳастам. Аз ин ҳукумат ҳар чизеро мешавад интизор буд."
Радиои Озодӣ: Нависандагиро шуғли худ қарор додед? Дар ҳоле ки тоҷикон шоиру нависандаи бешумор доранд, аммо журналистони хуб кам аст. Талоши шумо барои нависандагӣ гурез аз вазъияту воқеъият нест?
Зеварбону Рауфӣ: "Ростӣ, фикр намекунам, ки талош барои навиштани достону асари адабие фирор аз воқеият ва ё масъулият бошад. Шахсан худам касе ҳастам, ки то ҳадде дар тавонам ҳаст, мекӯшам ҳамеша бори масъулияти бештаре ба дӯш бигирам ва то он ҷое метавонам, ба мақсад бирасонам. Журналистика як маҳдудаи замонии бисёр кӯтоҳеро дар бар мегирад, аммо адабиёт як чизи ҷовидон аст. Агар китоб ба дасти хонандаҳо бирасад ва онро бихонанд, хуб дарк хоҳанд кард, ки новобаста ба инки мақола менависам ё достон, ҳамеша мекӯшам, ба зиндагии мардум ва ба иттифоқоте, ки бо мардум рух медиҳанд, пайванд дошта бошад."
Радиои Озодӣ: Баъд аз ҳар мақолаи ҷолиби шумо бархе менависанд ё фикр мекунанд, ки ин мақолаҳоро бароятон падаратон, рӯзноманигор Зафар Суфӣ, навишта. Ҳоло ҳатман инро хоҳанд гуфт, ки дар эҷоди ин ҳикояҳо ҳам нақши падаратон кам нест. Ба чунин шарҳҳо чӣ посух медиҳед?
Зеварбону Рауфӣ: "Ин иттифоқи тоза нест барои ман. Дар адабиёт ин иттифоқ зиёд уфтодааст. Ман танҳо одаме нестам, ки мегуфтанд, барояш каси дигар навиштаааст. Махсусан, нисбат ба занон ин иттифоқ зиёд уфтодааст. Масалан, Симини Донишвар, яке аз нависандаҳои муваффақ дар Эрон аст, ки фикр мекарданд, романи аввалинашро ҳамсараш Ҷалол Аҳмад навиштааст. Ё инки Мэри Шелли. Мегуфтанд, асари безаволаш Франкенштейнро ҳамсараш Пэрис Шеллӣ навиштааст. Вале мебинем, ки бо гузашти замон ҳақ ба ҳақдор расид ва фаҳмиданд, ки нависандаҳои аслии ин осор кист. Ман аз ин ҷиҳат нороҳат намешавам, зеро ҷомеаи мо ҳанӯз шояд қабул накарда, ки занҳо ҳам метавонанд, дар як коре маҳорат дошта бошанд ё воқеан хоҳиши анҷоми кореро аз дилу ҷон дошта бошанд."
Радиои Озодӣ: Нақши падар ва ҳам модар дар ҳаёти шумо чист?
Зеварбону Рауфӣ: "Бисёр бузург аст, новобаста ба онки дар зиндагӣ ба чӣ кор даст задам, ҳамеша маслиҳатгари ман падару модарам ҳастанд. Аввалин шунавандаи ҳамаи достонҳои ман модарам ҳастанд. Нахустин мунаққиди тамоми достонҳои ман падарам ҳастанд. Нақши онҳо дар тамоми масири зиндагии ман бисёр бориз аст."
Радиои Озодӣ: Фарзандони бархе аз муҳоҷирон ё паноҳандаҳои тоҷик, то ҷое шунидем, бо падарони худ дар ихтилоф меуфтанд, онҳоро гунаҳкор мекунанд, ки ба иллати фаъолиятҳои сиёсӣ дар мулки бегона сарсону саргардон шуданд, аз дидори наздикон ва дӯстони худ бенасиб монданд. Дар оилаи шумо чунин суҳбатҳо мешаванд?
Зеварбону Рауфӣ: "Шукри Худо, падари ман инсоне ҳастанд, ки барои арзишҳо ва меъёрҳое, ки қабул доранд, талош мекунанд ва дарди дилашон ҳамеша дарди мардуми тоҷик аст. Ман аз ин ифтихор мекунам. Дар хонаводаи мо ҳеч вақт чунин чизе иттифоқ науфтодааст, ки падарамро гунаҳкор кунем. Ҳар чизе, ки мо имрӯз ба он расидем, ба ҳар ҷое сафар кардему ҳар таҷрибае, ки омӯхтем, вобаста ба фаъолияти падарам буд. Гуноҳеро ҳам дар ин ҷо намебинам, ки касеро муқассир кунам."
Радиои Озодӣ: Аврупо муҳоҷирону паноҳҷӯёнро қабул мекунад, аммо шояд таҳти ин барнома, ки онҳо ё наслҳои дувуму саввуми онҳо бо ҷомеа омезиш ёбанд, дар он ҳаллу ҳазм шаванд. Шумо, агар қарор аст, дигар тамоман дар Аврупо бимонед, розиед, ки худатон ё фарзандонатон фаронсавӣ шавед?
Зеварбону Рауфӣ: "Фол заданро дӯст намедорам ва бовар ҳам надорам ба ин. Ман ҳамеша бо адабиёти Фаронса як пайвандӣ доштам, аз кӯдакӣ осори Виктор Гюго, Жюл Верн, Марсел Прустро мехондам. Ба назари ман, чӣ адабиёт ва чӣ фарҳанги миллати тоҷик қадимӣ ва қудратманду дилнишин аст. Новобаста ба ин, ки ман инҷо мемонам ё не, ҳамон тавре ки падару модари ман ба ману бародаронам тамаддун ва фарҳангу таърихи ин миллатро омӯзонда, моро ошиқи он карданд, худро муваззаф медонам ба наслҳои баъдӣ биомӯзонам ва шак надорам, ки онҳо ҳам онро дӯст хоҳанд дошт."
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон солҳо боз ин шикоят аст, ки асари хонданӣ нест. Иддае чанд китобро намуна меоранд. Хонданиҳо нестанд ё хонанда нест?
Зеварбону Рауфӣ: "Ба назари ман, ин як тавҳинест ба мардуми кишварам, зеро новобаста ба ин, ки дар кадом марҳилаи таърихӣ қарор доштем, ҳамеша ин миллат нависандаҳои муваффақу осори мондагор дошт. Имрӯз ҳам хеле нависандаҳои хубу осорӣ хонданӣ дорем. Метавонам аз устод Баҳманёр Аминӣ, Абдуқодири Рустам, Юнус Юсуфӣ, устод Сорбон, Муҳаммадзамони Солеҳ аз бонувон, Гулрухсор Сафиева ва Муаззама Аҳмадова ном бибарем, ки достонҳову осори хонданӣ доранд. Наметавонем бигӯем, ки осори хонданӣ нест. Шояд ишкол аз ҷомеаи имрӯзамон бошад, ки мо ба ҳар масъалае аз заррабинҳои худамон нигоҳ мекунем. Ин қадар зиндагии мардуми тоҷик сахт шудааст, ки дар заррабини чашмҳоямон ба ғайр аз ҳамин рӯзмаррагиҳо наметавонем фаротар биравем ва бештар аз инро бибинем. Шояд ҳамин боис мешавад, ки бақия нависандаҳои ҷавоне, ки мехоҳанд ворид шаванд ба дунёи адабиёт, бо ин гумон, ки мо хонанда надорем, ба худ иҷоза намедиҳанд, китобашонро ба чоп бирасонанд, чун фикр мекунанд, ҳеч суде ба онҳо намерасад аз чопи асарашон."