Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Чаро президент гуфт, ба ҳифзи истиқлолият омода шавед?


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азиз!

Суҳбати пешина туро он қадр ҳайяҷонзада кард, ки паёмгири ман аз номаҳои мухталиф пур шуд. Назарҳо чунон сершумор буданд, ки фурсат нашуд, ҳамаи онҳоро бихонам. Аммо ҳамон паёмҳову чанд шарҳе кофӣ буд, то дар зеҳнам суоли тозае рӯ занад. Оё мо мафҳумҳои истиқлол ва истеъморро дуруст мефаҳмем? Омодаем, ки аз истиқлоли кишвари худ бо баҳои ҷон дифоъ кунем?

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол шуд. Инро ба ҳамсинну солҳои ман аз ҳамон синфи аввал ёд додаанд. Бешак, имрӯз ҳам донишомӯзони синфи як аз ҳамон дарсҳоии нахусти мактаб ёд мегиранд, ки ҳар сол 9 сентябр ҷашни истиқлоли кишвар аст. Биё барои чанд лаҳзае худамонро ҷои ҳамон кудаки 6-7 солае бигзорем, ки тоза ба мактаб рафтааст. Вақте омӯзгор калимаи “ИСТИҚЛОЛ”-ро ба замон меоварад, чӣ чизе пеши чашмамон меояд? Кадом суолҳо ба зеҳнамон ҳуҷум мекунанд? Намедонам ҳоло чӣ ба зеҳни ту хутур карда, аммо он чӣ аз зеҳни ман гузашт ин аст. Истиқлол чист? Он чӣ аҳамияте дорад? Чӣ тавр ба вуҷуд меояд? Ва ғайраву ҳоказо...

Дуруст аст, ки ману ту акнун тавони ҷустан ва ёфтани ҳар иттилоъеро дорем. Аммо биё ҳамчунон тасаввур кунем, ки ҳамон кудаки синфи як ҳастем. Дар ин сурат посухгӯи пурсишҳоямон низ лобуд омӯзгорамон хоҳад буд. Шояд устод дар ҷавоби суолҳоямон бигӯяд:

  • Истиқлол ин амалӣ кардани коре тибқи хостаи хеш ва бидуни мудохилаи каси дигаре мебошад. Он бисёр муҳим аст, зеро озодии фардии ҳар инсонро нишон медиҳад. Ҳисси истиқлолталабӣ ва озодиҷӯӣ аз лаҳзаи ба дунё омадани ҳар инсон дар ниҳоди ӯ мавҷуд аст. Масалан, ба навзоди парпеч таваҷҷӯҳ кунед. Кофист он матоъи дар гирдаш бастаро бикшоед, зуд дасту пойҳояшро боз мекунад. Гӯӣ озодияш аз банди он порчаро ҷашн мегирад. Ё ба маҳзи ин, ки худашро шинохт, идора кардани дасту пойҳояшро омӯхт, иҷоза намедиҳад ба корҳои шахсияш мудохила кунед. Дилаш мехоҳад қошуқчаро дар дасти худаш бигирад ва ҳатто, агар ҳама сару либосашро чиркин кунад ҳам, бо зӯри бозӯи худаш хӯрок хӯрад. Ё новобаста ба ин ки меуфтад ё на, мехоҳад рӯи пойҳои худаш биистад ва дар ҳадди тавонаш уфтону хезон қадам бизанад. Ҳамин чанд мисол кофист то бифаҳмем, истиқлол барои инсон чӣ қадр арзишманд аст.

Шак надорам баъди ин гуфтаҳо низ ману ту суолҳои зиёде барои пурсидан хоҳем дошт, магар на? Масалан ҳамин, ки чӣ тавр як кишвар, ки ҷисми зинда нест, метавонад мисли як инсон истиқлол дошта бошад? Ва ё ин ки агар кишварҳо ҳам метавонанд аз истиқлол бархурдор гарданд, тафовуташ бо истиқлоли инсонӣ дар чист?

Фикр мекунам муаллимамон пас аз чанд лаҳза диранг, барои ҷустуҷӯи калимаҳо муносибу сода ва сохтани ҷумлаҳое фаҳмо барои кӯдакони синфи як, бигӯяд:

Истиқлоли як кишвар ҷанбае сиёсӣ дорад. Лек он ҳам тақрибан ҳамон чизест, ки қаблтар бароятон тавзеҳ додам. Яъне як кишвари мустақил, метавонад бидуни дахолати кишварҳои дигар интихоб кунад, ки чӣ гуна муносибатҳои дохилию хориҷияшро ба роҳ андозад. Худаш умури иқтисодияшро идора намояд. Ҳар тавр лозим донист, бо кишварҳои бегона паймонҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷорӣ ё фарҳангӣ бибандад.

Ҳарчанд ин чанд ҷумла зеҳнҳои ҳамеша ташна ба иттилоъи моро сероб намекунад, имкон дорад он лаҳза бо шунидани ҳамин ҳарфҳо қонеъ шавем. Аҷиб нест, агар касе пайдо шавад ки бипурсад, ҳарфро дорӣ ба куҷо мебарӣ? Мехоҳам бигӯям, назари иддае аз ҳаммеҳанон нигаронам кардааст. Бовар дорам, ки ту низ ҳарфҳое аз ин қабилро шунида ва ё ҷое дар ҳошияи суҳбатҳои маҷозӣ хондаӣ:

“Мо аз пушти Русия нону намак мехӯрем, дар намакдон набояд туф кард”

Албатта, ин ҷумла, ки ҳоло бо доғ шудани баҳси ҷанги Русияву Укроин бештар ба гӯш мерасад, қабл аз ин ҳам сари забонҳо буд ва дар баҳсҳои мухталифе ба шаклҳои гуногун ва бо ҳамин як мазмун баён мешуду мешавад. Ин ҳолат инсонро во медорад хоставу нохоста ба далоили ин ҳисси амиқи вобастагии иддае аз мардум бияндешад. Иттифоқан аз нафаре, ки пайрави чунин ақоидест пурсидам, чиро худаш ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро низ мадюн ё ба қавле қарздор аз Русия медонад?

Гуфт; чун 100% набошад ҳам ками камаш 70%-80% дарсади мардум дар онҷо муҳоҷири меҳнатиянд ё аз ин ҳисоб рӯзгорашонро мечархонанд. Худо накунад курси рубл каме пойину боло ҷунбад, рангу рӯи мардум мепарад, фикр мекунӣ барои сомонӣ ақаллан мижа таҳ мезананд? Русия нағз ё ганда, ақаллан ҷои кор медиҳад ба мо. Ҳамин кор набошад, на пули хӯрдан меёбем на пӯшидан. Баъд, гапа росташа гуфтан лозим, барои Русия даркор бошад, гирифтани Тоҷикистон як карат як аст. Аслан мешавад гуфт, онро гирифтааст. Пас, барои ҳамин қадараш ҳам Худоро шукр кардан лозим!

Гарчанде суҳбати ӯ тулонитар аз ин инҳо буд, кӯшидам фишурдаи онро бароят бозгӯ кунам, то бифаҳмӣ чиро баъд аз шунидани ҳарфҳояш ба ёди румони “Аму Том” аз нависандаи омрикоӣ Ҳариет Бичер Стоув уфтодам. Ин бонуи нависанда, ки дар асри 19-и мелодӣ зиста, яке аз ҳаводорони фаъоли лағви бардагӣ дар ИМА ба шумор меравад. Асари ӯ, пас аз китоби муқаддаси “Инҷил”, пурфурӯштарин ва пурхонандатарин китоб дар ҳамон аср шинохта шудааст. Дар ин асар қиссаи зиндагии қаҳрамони аслӣ аму Том, бардаи сиёҳпӯсте таъриф мешавад. Ҳамчунин бо ҳузури қаҳрамонҳои фаръии гуногуне ҷанбаҳои мухталифи шахсияти қаҳрамони аслӣ барои хонанда рушан мегардад. Агар ин китобро хондаӣ, бешак, ҳоло маро хуб мефаҳмӣ, дар ғайри ин сурат бад нест барои мутолеъаи ин китоб каме вақт бигзорӣ.

Аз ин, ки “аму Том”-ҳоро байни ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон мебинам, нигаронам. Инсонҳои хушқалбу меҳрубон, аммо содалавҳе, ки бо вуҷуди боз будани қуфлу занҷирҳои “бардагӣ” дар дасту пойҳояшон, бе ҳаракат ба даҳани “арбобе” чашм дӯхтаанд. Ангор, занҷирҳои сахту сангине дар зеҳнҳояшон насб шуда бошад, ки ҳар гуна бурузи ҳисси озодӣ ва истиқлолро дар онҳо салб мекунад. Дар ҳамин ҳол ахиран раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ, бо мухотаб қарор додани ҳамагон, таъкид бар он дошт, ки “барои ҳифзи истиқлол омода бошед”. Оё кадом нерӯ ё раванде ба истиқлоли Тоҷикистон таҳдид эҷод мекунад? Аз дохили кишвар ё беруни он? Эҳсоси соҳибистиқлол будан то чӣ миқдор байни мардуми кишвар фарогир аст? Чанд дар сад ба он комилан бовар доранд? Оё бузургтарин хатар ва таҳдид ба истиқлол ҳамин эҳсоси истиқлоли комил надоштан нест?

Оё ин, ки Тоҷикистон дар сиюанд соли истиқлолаш ҳанӯз ба маънои воқеъӣ мустақил нашуда, метавонад далели ин навъ истеъмори зеҳнии гурӯҳе аз мардуми кишвар бошад? Оё ин талошҳои зоҳирӣ ва базмҳои пурсарусадо барои таҷлил аз истиқлол барои таскини хотири худ ва ҷуброни вобастагӣ аз дигарон дар умури истиқлол нест? Оё мо миллати мустақил шудаем? Сиву анд соли истиқлоли мо ростин аст? Агар ростин аст, чиро умури як кишвари дигар зеҳни моро бештар аз мушкилоти кишвари худамон банд мекунад? Ин пурсишҳо зеҳнамро сахт машғул карда. Ту чӣ назар дорӣ, ҳаммеҳан?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд

XS
SM
MD
LG