Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сукут аломати ризост ё эътирози нагуфта?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зеварбону Рауфӣ

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Имрӯз мехоҳам, ба пурсише посух ёбем, ки сабабгори пайдо шуданаш дар зеҳнам худи ту ҳастӣ.

Пас аз нашри матлаби тозаам, номаҳои зиёде аз ҳаммеҳанон ба дастам расид, ки мазмуни ҳамаашон тақрибан дар як ҷумла хатм мешуд: “ҳарфи диламро гуфтӣ!”

Дар ҳолати маъмулӣ шояд ҳар рӯзноманигоре бо дарёфти чунин пайғомҳо шод шавад. Аммо ин номаҳо маро ба шакли аҷибе дар фикр фурӯ бурд ва суолҳои гуногуну тозаеро дар зеҳнам эҷод кард:

  • Чаро ҷомеаи мо бо ҳарф задан мушкил дорад?
  • Чаро аз ибрози норизоятӣ метарсем?
  • Чаро бо дидану дарки зулму беадолатӣ сукут мекунем?

Дар ҷустуҷӯи посух ба самти китобхонаи шаҳрӣ ба роҳ баромадам. Фикр кардам, шояд дар китобҳои равоншиносӣ ё ҷомеашиносӣ ишорае, роҳи ҳалле ё шарҳи илмие барои чунин раванд пайдо кунам.

Дар истгоҳи трамвай мунтазир будам, ки диққатамро пиразане канори мошини билетфурӯшӣ ҷалб кард. Дар паҳлӯяш ҷомадоне буд, ки ҳадс бизанам мусофир аст.

Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Ӯ талош мекард, билет бихарад, аммо ангор намедонист, чӣ тавр бояд аз ин мошин истифода барад. Нав як қадам ба тарафаш гузошта будам, то ёрӣ кунам, аммо марде пешдастӣ кард.

Ман дар ҷоям мондаму нигоҳам ба далели бароям номушаххас ҳамоно ба самте, ки мошини билетфурӯшӣ ва пиразан қарор доштанд, мутамаркиз шуда буд.

Албатта, баъдан бо расидан ба китобхона ва варақгардон кардани чанд матлабу китоби равоншиносӣ фаҳмидам, ки дар марҳилаи аввал “сукут дар баробари зулм”, яъне “таваҳҳуми ислоҳ” қарор дорам. Агар иҷоза бидиҳӣ, манзурамро шарҳ медиҳам:

Дар роҳ ба истгоҳ ин мардро дида будам. Бо гузаштан аз чароғи сурх ҳамчунон ба сари ронандаҳо доду фарёд мезаду носазо мегуфт; пас аз гузаштан аз роҳ қуттии холии обиҷаверо ба замин партофт, ҳарчанд сатили партов чанд қадам онсӯтар истода буд; мағзи ман ба шакле худкор симое манфӣ аз ӯ сохта буд.

Дар натиҷа, вақте ӯ барои мадад ба он пиразан аз ман сабқат гирифт, эҳсосотам дигар шуд. Пас вориди марҳилаи “таваҳҳуми ислоҳ” шуда будам, яъне ҳарчанд мағзам ҳушдор медод косае зери нимкоса аст ва таваҷҷуҳамро ба самти ӯву он пиразан ҷалб мекард, дилам мехост, бовар кунад, иштибоҳ кардаам ва ӯ воқеан ҳам одами баде нест. Ё ҳатто, агар бад ҳам бошад, дар пайи ислоҳ асту мехоҳад ба як нафари дигар кумак кунад, ки ин кораш сутуданист.

Хулоса, чун бо диққат ба онҳо нигоҳ мекардам, дидам, ки чӣ тавр он мард чолокона корти бонкии пиразанро аз дохили мошин берун оварду ба ҷайби худ гузошт. Бо дидани ин саҳна, вориди марҳилаи дувум яъне “фиқдон (аз даст додан)-и роҳбарӣ” шудам. Ин замонест, ки фард фикр мекунад, ин мушкил ё иттифоқ ба ӯ марбут нест. Пас, набояд худашро “беҳуда” ба дарди сар бияндозад.

Имрӯз ман, агар ҳарф мезанам, ҳарфи диламро мезанам! Дарди диламро бо ту дар миён мегузорам! Азизи дил, ту то кай мехоҳӣ ҳарфи дилатро аз забони каси дигаре бишнавӣ? 

Баъд аз марҳилаи ду, марҳилаи се – “интизори мунҷӣ” (наҷотбахш) – оғоз мешавад. Яъне фард ҳар чанд аз шароити пешомада розӣ нест, умедвори тағйир аст, намехоҳад ба худаш заҳмат бидиҳад, ё шояд ҳатто, агар мехоҳад, гумон мекунад коре аз дасташ намеояд. Дар натиҷа, мунтазири нафари дигарест, то коре анҷом диҳад, ҳамон гуна ки он лаҳза ман мунтазири пулис ё бозраси роҳи трамвай будам.

Ҳамон дам дузд нигоҳашро аз он пиразан бардошт ва чашмаш ба нигоҳҳои хирашудаи ман уфтод. Бо кашидани ангушти шасташ бар рӯи гарданаш ба ман хост бифаҳмонад, ки агар чизе бигӯям, сар ба танам нахоҳад гузошт.

Дар ин ҳолат марҳилаи чаҳорум – “тасаввури шикастнопазирӣ” – оғоз мешавад. Ин, яъне шахс гумон мекунад, нафари золим ба маротиб қудратмандтар аз ӯ ё ҳар нафари дигар аст ва аз ҳар гуна талоше барои ислоҳи вазъият даст мекашад.

Инҳо чаҳор марҳилаи равоншиносие буданд, ки сукут дар баробари зулмро ташреҳ мекунанд ва ман дар бораашон пас аз расидан ба китобхона огоҳ шудам. Лек ба назарам ҳамеша марҳилаи панҷуме вуҷуд дорад. Марҳилаи комилан мутафовит, ки он ҳама сукут дар муқобили зулмро мешиканад. Фақат барои расидан ба он марҳилаи панҷум одам бояд худаш бихоҳад.

Ҳамаи ин моҷарои дузду пиразан, ки шояд камтар аз панҷ дақиқа замон бурда бошад, бо ин тамом шуд, ки новобаста ба таҳдидҳои ӯ, ёди насиҳати ҳамешагии падару модарам уфтодам: “Касоне, ки дар муқобили зулми дигарон сукут мекунанд, худ дар он зулм шарик ҳастанд.”

Пас ба самти пиразан рафтаму гуфтам: “Хонум, дунболи корти бонкиятон мегардед? Ин оқо онро бардошт!”

Он мард асабонӣ шуду хост ба самти мо ҳамла кунад, ки пиразан фарёд зад: “Дузд!” ва гурӯҳе аз одамон атрофи мо ҷамъ шуданд. Дузде, ки то чанд сония пеш худашро қудратманд медонист, бо дидани иттиҳоди ҷамъ кортро аз ҷайбаш бароварду ба самти мо партофт кард ва бо чунон суръате по ба фирор гузошт, ки ба қавле ҳозирин ангушти ҳайрат газиданд.

Ҳаммеҳани азизам, агар ту низ он лаҳза канорам мебудӣ ва нигоҳҳои он пиразанро медидӣ, шояд дигар ҳеч гоҳ дар баробари зулм сукут ихтиёр намекардӣ!

Имрӯз ман, агар ҳарф мезанам, ҳарфи диламро мезанам! Дарди диламро бо ту дар миён мегузорам! Азизи дил, ту то кай мехоҳӣ ҳарфи дилатро аз забони каси дигаре бишнавӣ?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG