Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фақри ҳамагир". Чаро тоҷикон аз мутолеа дур шуданд?


Акс аз як намоишгоҳи фурӯши китоб
Акс аз як намоишгоҳи фурӯши китоб

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азиз!

Мусоҳибаи нависанда Ӯрун Кӯҳзодро хондам. Дилам ба адабиёт, нависандагӣ ва соҳибқалам дар Тоҷикистон сӯхт.

Мехоҳам каме аз китоб бигӯем. Аз адабиёт ҳарф бизанем.

Тафовут аз куҷо то куҷо?

Дар яке аз китобфурӯшиҳои Фаронса сафи тӯлонӣ боис шуд, ки беш аз 35 дақиқа барои харидани китоб мунтазир бимонам.

Нохудогоҳ ёди хабарҳое уфтодам, ки аз ҳамла ба деги палаву табақи қурутоб дар Тоҷикистон тӯли солҳои ахир нашр шуда буданд. Тафовути нороҳаткунанда. Он ҷо касе намехост, аз як зарф хӯроки бепул бигзарад, лек ин ҷо ангор ҳеч кас намехост, фурсатро аз даст бидиҳад.

Ҳама китобҳои интихобкардаи худро кушода, машғули мутолеа буданд. Бо ин ки мағоза дар яке аз шаҳракҳои атрофи Порис (Париж) ҷойгир аст, масоҳати калоне дорад. Китобҳои тарҷумашуда, бо забонҳои асл, китобҳои илмӣ, омӯзишӣ. Ҳар кадом бахшҳои махсусу бузурги худро доранд.

Он дам бо худ мегуфтам, ҳайф, ки чунин китобфурӯширо дар ҳеч куҷои Тоҷикистон надидаам. Дареғ, ки дар канори ҳеч китобфурӯшии кишварам чунин таҷаммӯи зиёди муштоқони мутолеа ва китобро шоҳид набудаам.

Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Чаро чунин аст?

Аз худам мепурсидам, чаро адабиёти бо чунин камтаваҷҷуҳӣ аз тарафи хонандагони тоҷик рӯ ба рӯ шудааст? Ба ёди ин далел уфтодам, ки шояд ту ҳам шунидаӣ. Мегӯянд: “Барои хондан асари ҷолибе, ба дардбихӯре ё, ба қавли дигар, имрӯзие пайдо накардам. Ба хотири ҳамин ҳам китоби адибони тоҷикро намехонам”.

Дар чунин ҳолат дилам мехоҳад, аз он азизон пурсам, ки оё воқеан боре дунболи ягон асари нависандагони тоҷик рафтааст? Ҳеч шуда, ки ҳатто боре дар ин роҳ ҷустуҷӯи сар-сарие дошта бошад? Ҳатман посух манфист. Нарафтаанд, аммо ҳукм содир карданро дӯст дорем.

Вақте мегӯянд, асари хонданӣ нест, мехоҳам бипурсам оё ҳеч гоҳ романи «Ҳайҷо»-и Ӯрун Кӯҳзодро ба даст гирифтааст? Оё «Сакарот»-и Гулрухсори Сафиро хонда? Оё «Пойҳо ва руйҳо»-и Абдуқодири Рустамро мутолеа карда? Оё аз «Синдроми Стокҳолм»-и Шаҳзода Самарқандӣ чизе шунида? Оё боре “Дарё”-и Юнус Юсуфиро варақ гардондааст? Ҳисси итминони аҷибе дар ман мегӯяд, нахондаасту чунин мегӯянд.

Адабиёти ҷаҳонро мехонанд, тоҷикиро не?

Иддае далел пеш меоранд, ки адабиёт муҳим несту ба мисли илмҳои дақиқ ниёзи омӯхтан надорад. Бехабар аз он ки адабиёт низ ба андозаи ҳар илми дигаре, ниёз ба омӯзиш, рушд ва таҳаввул дорад. Бояд ин воқеиятро пазируфт, ки ниёзи хонанда ва салиқаи ӯ боиси рушди адабиёт, далели илҳому ҷустуҷӯҳои эҷодии нависанда ва пайдо шудани ин ё он асари мондагор мегардад.

Агар фақри молӣ моҳ ба моҳу сол ба сол вазъи зиндагии одамро бад мекунад, фақри зеҳнию маънавӣ, лаҳза ба лаҳза, соат ба соат, рӯз ба рӯз одамро дар мурдоби хеш фурӯ мебарад.

Масалан, агар романи яке аз адибони тоҷик мавриди истиқболи хонандагони сершумор дар кишвар қарор бигирад ва хонандагону мунаққидон онро ҳамчун шоҳкор бипазиранд, дар мавридаш зиёд бигӯянд, дигар нависандаҳо ҳатман дунболи рози муваффақияти ин ҳампешаашон мешаванд ва аз пайи офаридани осори мондагор хоҳанд шуд. Вақте камтарин таваҷҷӯҳ ба осори адабӣ намешавад, ҳеч китобе нахондаву адибони тоҷик “асари хонданӣ наменависанд” бигӯянд, табиист, нависандагон дигар аз пайи ҷустуҷӯ нахоҳанд рафт.

Албатта, дар ин маврид онҳоро намешавад муқассир донист. Онҷо, ки теъдоди нашри яке аз шоҳкорҳои насри тоҷик, «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр, ҳеч гоҳ бештар аз 1000 нусха набуд, нависанда чӣ дилгармие метавонад ба касбаш дошта бошад?

Касе шояд бигӯяд, мардум нисбат ба адабиёт бетафовут нестанд. Магар намебинӣ, ки то рафт шумори харидорони адабиёти ҷаҳон дар бозори китоби Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст? Мехоҳам, пешопеш дар посух ба ин пурсиш бигӯям, мутолеаи адабиёти ҷаҳон, бешак, кори муфидест, аммо ин тавҷеҳе барои каммеҳрӣ ва бегонапарастии мо наметавонад бошад!

Адабиёти муосири мо «Камони Рустам», «Барф ҳам мегузарад», «Ардавирафнома», «Ҷӯгӣ», «Ситораи сари танӯр» ва даҳҳо достону қиссаи хонданию мондагор дорад. Бовар кунед, осори нависандагони тоҷик аз ҳеч шоҳкор ва осори мондагор дар адабиёти чаҳон ё офаридаҳои ҳамзабонону ҳамзамонони мо кам нест. Агар имрӯз мо Маҳмуди Давлатободӣ надорем, агар Содиқи Ҳидоят надорем ва агар Симини Донишвару ғайраву ғайра надорем, ба хотири набудани истеъдодҳо нест! Истеъдодҳо ҳамеша вуҷуд доштаанду умед бар он аст, ки ҳамеша арзи вуҷуд хоҳанд кард.

Мутаассифона, мо на танҳо ҳеч дастгириву алоқае нисбат ба истеъдодҳо надорем, балки ҳозирем осори хориҷиёнро дар тарҷумаи русӣ бихонему навиштаҳои беҳтарини адибони тоҷикро нодида бигирем.

Кор ба ҷое кашида, ки бархе ҳатто забон ва корбурди вожаҳои фаровонро далел оварда, аз фаҳму дарки хонанда “дур шудани” забони адабиро зери тозиёнаи танқид мегиранд. Гӯӣ забони осори адабӣ муваззаф аст, дар доираи ҳамон чандсад калимаи ёд гирифтаи онҳо бошад.

Танҳо фақри молӣ не

Гузашта аз ҳамаи инҳо, ба назар мерасад, фақри ҳамагир дар кишвар яке дигар аз далоили аслии дур шудани мардум аз мутолеа, ба вижа адабиёт, шудааст. Манзур танҳо фақри молие нест, ки чун офтоби рӯз ба чашми ҳар биное мехалад, балки фақри зеҳнию маънавӣ низ ҳаст. Ҳарчанд начандон роҳат, аммо мубориза бо навъи аввали фарқ басо осонтар аз решакан кардани навъи дуввуми фақр аст.

Агар фақри молӣ моҳ ба моҳу сол ба сол вазъи зиндагии одамро бад мекунад, фақри зеҳнию маънавӣ, лаҳза ба лаҳза, соат ба соат, рӯз ба рӯз одамро дар мурдоби хеш фурӯ мебарад ва равони касро хароб мекунад.

Имрӯз ман ба чизҳое аз ин қабил фикр мекунам, ҳаммеҳанам. Ту ба чӣ меандешӣ?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG