Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: "Инҳо ифротгароянд ё Шумо?"


Зеварбону Рауфӣ

Дуруд ҳаммеҳани азиз!

Имрӯз мехоҳам, аз ту бипурсам, ки оё аз боздошти рӯзноманигорон ва иттиҳомоте, ки ба онҳо баста мешавад, хабар дорӣ?

Агар хабар дорӣ, ҳатман медонӣ, ҳоло дар бораи киҳо ҳарф мезанам. Аммо, агар бехабарӣ, кофист, дар ҷустуҷӯгари гӯшии ҳамроҳат номи Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро бинависӣ, то аз кӣ будани онҳо ва чиро дастгир шуданашон огоҳ шавӣ.

Ангор дар кишварамон рӯзноманигорӣ ба он даста аз корҳое шомил шуда, ки мақомоту ҳукумат хуш надоранд. Пештар бо вакилону ҳомиёни ҳуқуқ ҳамин муносибатро доштанд. Ё зери фишор мегирифтанд ё дастгир мекарданд. Шӯҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов мисолҳои рӯшани гуфтаҳои болоянд.

Ин, ба истилоҳ, бадбинӣ ё шояд беҳтар аст бигӯем бадрафторӣ, ҳоло ба самти рӯзноманигорон мутамаркиз шуда, аммо чаро? Чӣ чизе боис мешавад, ки дар асри 21, дар як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд рӯзноманигорон яке паси дигаре дастгир шаванд? Чаро рӯйи парвандаи яке муҳри сиррӣ гузошта, дигариро ба иттиҳоми ваҳшатафканӣ (террористӣ) ва севумиро чун ифротгаро (экстремист) муаррифӣ кунанд?

Дар чунин вазъе дар зеҳни инсон пурсишҳое пайдо мешаванд. Террорист кисту терроризм чист? Тундгароӣ чисту тундгаро кист? Чаро рӯз ба рӯз сафи ҷавонони кишвар, ки бо иттиҳомоте аз ин қабил дастгир мекунанд, бештару бештар мешавад? Ба тавре ки ҳатто рӯзноманигорон низ аз чунин иттиҳомоте дар амон немемонанд.

Оё бояд бовар кард, ки сӣ соли истиқлол насле аз ҷавонони террористу ифротӣ ба бор овардаву бас? Ё решаи ин ҳама парвандаҳои террористону экстремистони ҳаммеҳанамон аз ҷойи дигаре об мехӯрад?

Агар мухолиф нестӣ, мехоҳам, ҳамроҳ ба дунболи посухи ин пурсишҳо бигардем. Терроризм яъне бо ваҳшатафканӣ, ҳаросафканӣ ё бо истифода аз хушунату таҳдид барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ, мазҳабӣ ё идеологӣ амал кардан.

Ба иборати дигар, терроризм ба мактабе гуфта мешавад, ки дар он барои таҳмили ақидаву боварҳои хеш ба дигарон аз зӯр, террор, ҷанг, хушунат, ошӯбофаринӣ, амалиёти худкушӣ, куштори ҷамъӣ, наслкушӣ, шиканҷа ва ғайра истифода шавад. Давлат гурӯҳ ё фардеро, ки аз мактаби терроризм барои расидан ба аҳдофу ормонҳояш истифода намояд, террорист меноманд.

Экстремизм ё ҳамон ифротгароӣ, яъне дифоъ аз дидгоҳҳо бо истифода аз иқдомоти ифротист. Экстремист ё ифротӣ ҳам шахсест, ки ба хотири дастёбӣ ба аҳдофаш аз анҷоми ҳеч амале рӯй намегардонад.

Аммо бо дар назар доштани ҳамаи инҳо ва огоҳӣ аз собиқаи онҳое, ки имрӯз ба итиҳомоте аз ин қабил дастгир мешаванд, суолҳои наве ба вуҷуд меоянд, ки рӯзноманигорону ҷавонони тоҷик нисбати кӣ ё чӣ террористона ё ифротгароёна амал кардаанд?

Оё ту ҳам, ҳаммеҳани азиз ман, ба ин меандешӣ, ки киҳо ва чиро аз фаъолияти рӯзноманигорони мустақилу гузоришгарону блогерҳо худашонро зери таҳдиду фишор мебинанд? Ва чиро онҳо чунин ҳиссе нисбати рӯзноманигорон доранд? Оё гуноҳ дар амалкарди касбии рӯзноманигорон аст? Ё шахс, балки шахсоне ҳастанд, ки фаъолияти рӯзноманигорони мустақил ё ҳар нафаре, ки мумкин аст дар бораи камбудиҳо суҳбат кунад ва толиби ислоҳи онҳо бошад, бар зарарашон аст?

Аслан биё тасаввур кунем, иттиҳомот нисбати ин чаҳор рӯзноманигор дуруст бошанд. Пас, дар ин ҳолат мерасем ба муҳимтарин пурсиши қазия. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки тамоми фаъолияташон пеши чашми бинандаву пушти оинаи дурбин амалӣ мешуд, кадом ғояву боварро ба шакли экстремистӣ пеш бурдаанд?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Ту чӣ фикр мекунӣ ҳаммеҳан, онҳое ки имрӯз иттиҳоми террористию экстремистӣ ба ин хабарнигорон мезананд, агар пайгири наворҳои пахшкардаи ин чаҳор нафар мешуданд, инсофан оё метавонистанд чунин иттиҳомотеро бибанданд? Гумон намекунам!

Ҳар тавр фикр кунию ин масъаларо ба қавле ҷамъу тарҳ созӣ, ҳеч тавр намешавад ин чаҳор нафарро террорист ё экстремист хонд. Мепурсӣ чаро?

Завқибек Саидамнинӣ касест, ки эҳтиром ба волидон, кумак ба ниёзмандон, эҳтиром ба инсону ҳуқуқи он ва мавзуъҳое ба монанди инро дар саҳифааш тарғиб мекард. Ту бигӯ, ҳаммеҳанам, куҷои ин терроризм аст? Оё ифротгароии ӯ дар эҳтироми инсонҳову дӯстдоштани ҳаммеҳанонаш будааст?

Ё куҷои кору бовари Далери Имомалӣ, ки ҳамеша “бо орзуи сулҳу суботу ободӣ дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон” мегуфт, террористона метавонад бошад? Касе, ки силсилаи барномаи “Ватан дигарай” омода мекарду меҳру муҳаббаташро нисбати ин обу хоку сарзамин ба ҳар наҳве ҷор мезад, куҷои кораш террористона аст? Оё ҳамон тавр ки худаш паёпай дар наворҳояш мегуфт “девонавор” дӯст доштани ин сарзамин ва беш аз ҳар чизе ободию пешрафташро хостан, боис шуда ба ӯ иттиҳоми ифротӣ бизананд?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода чӣ? Фазои фаъолияти касбиро барояш танг карданду барои касби рӯзӣ ба ронандагӣ машғул буд. Ҳар гоҳе дар бораи мушкилот, иттифоқот ва ахборе, ки дар атрофаш ба вуқуъ мепайвастанд, ибрози назар мекард. Ҳаммеҳанам, бигӯ, ман иштибоҳ мекунам? Оё дар ҳеч як аз наворҳои ӯ асаре аз таҳдид, зӯроварӣ, даҳшатафканӣ ё ҳар амали террористии дигаре дида мешавад?

Магар инсон будану инсонвор зистан ҷурм аст? Ҳамин назар доштану ба нафъи иҷтимоъ андешиданаш ифротгароёна буд?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҷавони ошиқи кору касбаш, ки чӣ таҳдидҳое шунид, ҳатто зарбу мушт хӯрд, аммо ба кораш содиқ монд. Оё садоқат доштан, касберо аз дилу ҷон дӯст доштан, гуноҳ аст? Ҷурм аст? Хатост? Магар як кишвар барои пешрафт ба одамҳое амсоли Ғурбатӣ ниёзманд нест? Ҷавонони пурэнержӣ ва лабрези иштиёқу алоқа ба касбу коре, ки анҷом медиҳанд. Чӣ чизе ғайр аз хоҳишу талош боиси рушди фард мешавад? Рушди ҳар шаҳрванд дар ҷамъ магар боиси рушди иҷтимоъ намешавад?

Ҳаммеҳанам, пас, бо ин ҳисоб, чӣ тавр интизор доранд ба ифротию террорист будани онҳо бовар кунем? Магар террорист ҳамонҳое нестанд, ки ба зӯр дар рӯзи рӯшан дастгоҳи наворбардорию таҷҳизоти кории рӯзноманигоронро мерабоянд? Ва ҳеч пулису муфаттише дигар радди онҳоро пайдо намекунад, гӯӣ об шуда ба замин фурӯ рафта бошанд! Террорист ҳамонҳое нестанд, ки ба журналистон ҳамла мекунанду онҳоро равонаи бемористон мекунанд, аммо боз ҳам ба шакли муъҷизаосое ҳеч гоҳ пайдо карда намешаванд?

Хулоса, ҳаммеҳани азизам, мехостам бигӯям, агар дӯст доштани Тоҷикистону тоҷикистонӣ ва ободию озодию пешрафти онро хостан ба террористу ифротӣ будан баробар аст, бо ин ҳисоб, оре, "мо ифротием", аммо онҳое, ки дар радифи мо нестанд, бо кадом рӯ дигаронро "ифротӣ" мехонанд?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG