Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон се нафар ҷон бохтанд. Фоҷеа шаби 19-уми январ дар деҳаи Гулрези ноҳия иттифоқ уфтод.
Шамсулло Маҳмадови 33-сола, ҳамсараш ва писари панҷсолаи онҳо даргузаштанд. Пизишкон рӯзи 20-уми январ гуфтанд, як тифли дигари хонавода дар ҳолати вазнин дар шифохона аст.
Намояндагони ҳукумати ноҳияи Хуросон гуфтанд, ҳамсояҳо аз фоҷеа огоҳ шуда, ба мақомот хабар додаанд.
Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.
Зимистони имсол дар қиёс бо солҳои гузашта фавқулодда сарду сербарф омад ва ба иловаи бӯҳрони энержии идомаёбанда дар Тоҷикистон, вазъ сангинтар шуд. Бахусус дар рустову деҳоти дурдасти кишвар сокинон бо нирӯи худ талош мекунанд мушкили гармиро ҳал кунанд ва гоҳо ин корҳо бо фоҷеа меанҷомад.
Имсол дар вилояти Суғд ҳам ҳодисаи марг бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт рӯй дод. Нашрияи “Азия плюс” рӯзи 10 январ навишт, дар чунин як ҳодиса марди 80-солае ба ҳалокат расида, ҳамсари 77-солааш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол дода шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Марги ду сокини Хуросон аз заҳролудшавӣЯк марди 80-сола дар Суғд аз дуди ангишт ҳалок шудаастДар Узбекистон се кӯдаки як хонавода аз дуди ангишт фавтиданд"Мушкилӣ ҳам дар хона буд, ҳам дар кӯча" ВИДЕОТоҷикистон ба хориҷа ба маблағи $106 миллион барқ додааст"Писарам Душанбе нағз гуфта овард, лекин қишлоқ равам беҳтар." ВИДЕО