Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи $106 миллион барқ додааст


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта кишвар ба маблағи зиёда аз 106 миллион доллар ба хориҷ барқ содирот кардааст.

Тибқи иттилои Оҷонси омор, содироти барқ назар ба як сол пеш 10,6 дарсад зиёдтар буд.

Барқи Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва як қисми он ба Узбекистон содирот мешавад. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Афғонистон рӯзона то 400 мегават барқ медиҳад.

Дар давраи тирамоҳу зимистон содироти барқ ба Афғонистон то даҳ дарсад коҳиш меёбад. Ҳанӯз маълум нест, соли гузашта Тоҷикистон бо кадом нарх ба Афғонистон барқ фурӯхтааст.

Пештар масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ҳар киловат барқро ба Афғонистон аз 3 то 4,5 сент мефурӯшанд.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир аз афзоиши пайиҳами содироти барқ ба хориҷи кишвар тавсиф мекунанд. Дар дохил интиқод зиёд аст ва баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардуми кишвар бо барқ пурра таъмин карда шаванд.

Дар фасли тирамоҳу зимистон сокинони Тоҷикистон ба камбуди барқ дучор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG