Баъзе аз сокинони Душанбе мегӯянд, барфрезии шадиду сармои қаҳратун дар як ҳафтаи гузашта шароити зиндагии онҳоро дар биноҳои баландошёна сахттар кард. Иддае дар ин кор мақомотро гунаҳкор мекунанд, ки барои паси сар кардани рӯзҳои мушкил омода набуданд. Дигарон тасодуфе беш намедонанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми январ назари чанд роҳгузарро пурсиданд.
Матнаш ин аст:
- “Об ях баст, қубур кафид. Ин мушкил ҳам дар хона ва ҳам дар кӯчаҳо буд.”
- “Ҳеч мушкил надоштем. Пештар фаҳмонда буданд, ки зимистон сард меояд, омода бошед.”
- “Бисёр азоб кашидем. Қубур кафид, бениҳоят душвор шуд. Мақомоти ноҳияҳо пурра омода набуданд.”
- “Нақлиёт кам буд. Ҳамааш паси сар шуд, рӯзҳои офтобӣ дар пеш аст.”
- “Дар мактаб кор мекунам. Ба сабаби сармо ба ҷойи кор нарафтам.”
- “Мушкил аст, об надорем, барқ надорем.”
- “Оби хонаамон ях кард, бо сатил аз берун об мекашонем.”
- “Мо дар деҳа зиндагӣ мекунем, барои зимистон шароит дорем.”
- “Обу барқ доимӣ буд. Гармӣ ҳам доданд. Пойтахт пешрафт кардааст, ягон мушкилӣ надоштем. Ба фикрам, баъд аз барф боду ҳаво тоза шуд.”
Видеоро бинед:
Агар гуфтание доред, дар инҷо ва ё саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависед:
Гуфтугӯ