Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се нафарро дар минтақаи Кӯлоб дар пайванд ба "сарбозшикор" дастгир кардаанд. Як корманди комиссариати ҳарбӣ, як маъмури милиса ва муовини раиси як ҷамоат дар ноҳияи Восеъ ба латукӯби ҷавоне ва маҷбурӣ ба артиш бурдани гуё шахси бемор гумонбаранд. Назари онҳо ва вакилони дифоашон дастрас нест.
Дар Додситонии Кӯлоб рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Хатлон Раҳматшоев (маъмури комиссариат), Фарҳоди Раҳматулло (милиса) ва Саидаброр Қаландаров (намояндаи ҷамоат) расман ба баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ муттаҳаманд. Ба онҳо ҷарима ва ё аз панҷ то даҳ сол зиндон таҳдид мекунад.
Раиси ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ тасдиқ кард, ки муовинаш Саидаброр Қаландаров дастгир шудааст. Ҳошим Хоҷаев рӯзи 20-уми декабр гуфт, "як ҷавон аз ноҳияи Балҷувон омадааст. Ба мошини муовини мо бор карда, ба комиссариат бурдаанд. Ҳоло даъво дорад, ки гӯшаш дарида."
"Билети ҳарбӣ дорам, вале..."
Яке аз шикоятгарон, Ҷӯрабек Ятимов, мегӯяд, дар ҳақиқат хидмат кардааст ва билети ҳарбӣ дорад, аммо моҳи ноябри имсол ӯро дар дохили мошин заданд ва пардаи гӯшаш дарид. Вай рӯзи сешанбе гуфт, хулосаи пизишконро дорад.
"Дар ноҳияи Восеъ асп мепарварам. Дар даъвати баҳорӣ дастгир карданд. Фаҳмонда будам, ки билет дорам. Масъала ҳал шуд. Тирамоҳ дубора доштанд. Ба тарафи гӯшам заданд. Рафта, шикоят кардам, ки ҷазо гиранд," – гуфт ӯ.
Ба ин монанд хонаводаи Исмоил Табаров аз маҳаллаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ даъво доранд, ки писари онҳо бемори равонӣ асту маҷбурӣ ба артиш бурда шуда. Дар Додситонии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки Табаровро барои додани баёнот аз қисми ҳарбӣ оварданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар се сол беш аз 100 сарбоз дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидаандҲар сол, баҳору тирамоҳ, ҷавонони аз ҳаждаҳ то бисту ҳафтсоларо дар Тоҷикистон ба артиш даъват мекунанд. Мақомот даъво доранд, ки сафи ихтиёриён афзудааст. Сокинон аз афзоиши даъвати маҷбурӣ ва ё "сарбозшикор" шикоят доранд.
Аз ҷумла, сокинони як маҳалла дар ноҳияи Кушониён моҳи октябри имсол шикоят карданд, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл заданд. Дар ҳукумати ноҳия изҳори бехабарӣ карданд. Ҳуқуқдонҳо рафтори мансабдорони маҳаллиро хилофи қонун донистанд.
Як сабаби асосии саркашӣ ё парҳези аксар ҷавонони синни даъватӣ бадрафторӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ бо наваскарон гуфта мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.