1200 ҷавон дар Тоҷикистон бо пардохтани беш аз 32 миллион сомонӣ ба хидмати ҳарбии якмоҳа ҷалб шудаанд. Масъулони Вазорати мудофиа гуфтанд, онҳо дар чаҳор пойгоҳи ҳарбӣ тамрин мекунанд. Пештар баъзе аз ҷавонон шикоят доштанд, ки ним сол қабл пули хидмати якмоҳаро супурданд, аммо на тамрин карданду на билет гирифтанд.
"Савганд мехӯранду рутба мегиранд"
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати мудофиа, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳлати хидмати ҷавонон то ду ҳафтаи дигар ба поён мерасад. "Баъди ба анҷом расидани курси кӯтоҳмуддат, савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ба онҳо билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ дода мешавад," -- афзуд ӯ.
Моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни нави хидмати ҳарбӣ қабул шуд. Ин қонун бори аввал дар кишвар хидмати якмоҳаи пулакиро пешбинӣ кард. Тибқи он, ҷавонон имкон пайдо карданд, бо пардохтани маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Тақрибан ду мавсими охир даъвати ҷавонон ба артиш бар асоси ҳамин қонуни нав сурат мегирад. Баъзе бар ин назаранд, ки озод шудан аз хидмати дусола бар ивази маблағ метавонад, ба тавоноии артиш осеб расонад. Аз сӯйи дигар, бо ин шева танҳо ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба хидмат ҷалб хоҳанд шуд, ки як навъи табъиз аст.
"Пул надошта бошанд чӣ?"
Абдулло Назаров, як сокини пойтахт, мегӯяд, "90 дарсади аҳолии Тоҷикистон имкони гирифтани билети ҳарбиро бар ивази маблағ надоранд. Ӯ афзуд, "бо ин пули калон кӣ хидмати якмоҳа мекунад? Ҳеч кас. Пул дошта бошанд, бале, вале набошад чӣ?"
Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, хуб аст, шароити хидмат дар артиш беҳтар карда шавад ва ҷавонон дар сафи нерӯҳои муссалаҳ адои хидмат кунанд. "Шикамаш сер бошад, шароиташ хуб бошад, бигзор барои ватан хидмат кунад. 26 ҳазор сомониро метавонад, барои зиндагии шахсияш истифода барад," – гуфт ӯ.
Наворро инҷо бинед:
Ҳар як ҷавон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст, хидмати якмоҳаро адо мекунанд.
Фаридун Маҳмадализода мегӯяд, ин пул ба бунёди қисмҳои низомӣ, таъсиси пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, маоши афсарон, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хидматчиёни ҳарбӣ равона мегардад. "Дар Вазорати молия суратҳисоби махсус кушода шудааст. Шаҳрванд маблағро тавассути "Амонатбонк" месупорад. Баъдан расид (чек)-ро ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод мекунад," - илова кард Маҳмадализода.
Бар асоси қонуни нав, солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд, вале бо қабули он шикоятҳо аз "сарбозшикор" кам нашуд. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат гуфта мешавад.
Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон ин ҳамаро нодуруст мешуморанд ба порлумон пешниҳод кардаанд, ки барои пахши хабарҳои, ба гуфтаи онҳо, "дурӯғ" дар бораи шарту шароити хидмат дар артиш, аз ҷумла "сарбозшикор", ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин шавад.
Мақомот ҳадафи тасмими худро пешгирӣ аз бадномшавии артиш номидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ маҳдудияте барои бозтоби маъракаи муҳим донистанд.
Гуфтугӯ