Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модараш иддао дорад, ки Шерзод "маъюб аст", вале ба артиш мебаранд. ВИДЕО


Шерзод Раззоқов, сокини Исфара
Шерзод Раззоқов, сокини Исфара

Пайвандони як ҷавон дар Исфара иддао доранд, ки маъмурони Комиссариати ҳарбӣ фарзанди маъюби онҳоро боздошт карда, маҷбурӣ ба артиш бурданӣ ҳастанд.

Модари Шерзод Раззоқов гуфт, писараш дар рӯйхати беморон аст ва то ин вақт ҳеч бор даъватномаи хидмат дар артишро нагирифтааст, вале "ӯро дастгир карда", ба комиссариат бурдаанд. Мақомот қазияро шарҳ надоданд, аммо ҳамвора таъкид мекунанд, ки шахсони беморро ба аскарӣ намебаранд.

Гулноза Раззоқова, модари Шерзод Раззоқов, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Писарам дар дӯкон кор мекард. Маъмурони милиса ӯро боздошт карданд. Ин ҳолат дар дурбини назоратӣ сабт шудааст. Ба писарам гуфтаанд, "ту ба моддаи қаллобӣ гумонбар мешавӣ", вале ба хидмати ҳарбӣ бурданӣ ҳастанд."

Ин зан як ҳафта боз талош дорад, исбот кунад, ки писараш бемор аст ва тавони хидмат дар артишро надорад. Шерзод Раззоқов, ки тайи ин муддат дар бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд нигаҳ дошта мешавад, чанд бор аз вазъи саломатияш шикоят кардааст.

"Аз соли 2000-ум санг роҳи пешобдони писарамро гирифта, чанд бор ҷарроҳӣ шуд. Зери назорати пизишкон аст. Аз ин рӯ, ба артиш фиристодан намехоҳам. Азоби сахт дорад," – иддао кард Гулноза Раззоқова.

Видеоро дар инҷо бинед:

Модари суғдӣ талош дорад, фарзанди беморашро аз хидмат дар артиш раҳо кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Дар Тоҷикистон се ҳафта боз мавсими даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш ҷараён дорад. Даҳ рӯз пеш мақомоти вилояти Суғд аз гусели беш аз ҳазор нафар ба хидмат хабар доданд. Сафарбарии онҳо то иҷрои пурраи нақша идома кунад. Мақомот ҳамвора мегӯянд, ҷавонон берун аз доираи қонун ба аскарӣ бурда намешаванд.

Намояндагони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд дар шарҳи қазияи Шерзод Раззоқов гуфтанд, агар санҷишии тиббии вилоятӣ бемор буданашро тасдиқ кунад, ӯ ба хидмат бурда намешавад. Гулноза Раззоқова, модари ҷавон мегӯяд, мақомот ба муроҷиатҳои ӯ аслан ҷавоб надодаанд. "Пайи ҷарроҳии писарам ҳоло ҳам дар баданаш ҳаст. Ягон ҳуҷҷатро сохтакорӣ накардаам," -- афзуд ӯ.

Мақомоти ҳарбии вилояти Суғд мегӯянд, дар даъвати тирамоҳии имсол даҳ дарсад бештар ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ гусел кардаанд. Баъзе аз даъватшудагон ва волидони онҳо мегӯянд, дар вазъи ҳозираи кишвар "ин талаботи воқеист", вале бисёриҳо бо таваҷҷӯҳ ба чандин мавриди бемору маъюб баргаштани ҷавонон аз хидмат ва сару садоҳо дар бораи бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, аз довталабона рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду мавсим, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Мақомот ҳамасола гузориш медиҳанд, ки аксари ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд, вале шикоятҳо аз сарбозшикор ё “облава” кам намешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG