Нозирони (ғайри)мустақили интихоботи Қазоқистон. ВИДЕО

Бовар меравад, ки дар паи интихоботи президентии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳақ хоҳад дошт ҳафт соли оянда дар сари қудрат бошад

Ҳукумати Қазоқистон талош дорад донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатиро ба ҳайси нозири мустақил  дар интихобот ҷалб кунад.

Масъулини як созмони ғайридавлатии иттилоотӣ, ки ҷараёни интихоботро назорат мекунанд, мегӯянд, дар ин охирҳо аз донишҷӯён барои шомил шудан ба сафи нозирони мустақил дархости зиёд мегиранд ва зоҳиран онҳоро ба ин кор маҷбур кардаанд. Ба бовари фаъолон, ҳукумат бо ин роҳ мехоҳад аз ошкор шудани қонуншиканиҳо дар маъракаи сиёсӣ пешгирӣ кунанд.

Камила Инсегенова, яке аз ҷавононе аст, ки имсол бори аввал ба ҳайси нозири мустақил дар интихоботи президентии Қазоқистон ширкат мекунад. Назорат ва ошкоркунии қонуншиканиҳо дар интихоботро Камила яке аз роҳҳои мубориза барои ҳаққи шаҳрвандии худ медонад. Роҳи дигар - ширкат дар эътирози оммавиро ӯ аллакай таҷриба кардааст ва чанд соат ҳам дар боздошт буд. Баъд аз ин тасмим гирифт, аз шеваи дигари мубориза барои ҳаққи худ истифода кунад.

Камила Инсегенова мегӯяд: “На ҳар шаҳрванд омода аст ба майдон барояду эътироз кунад. Вале барои ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ мешавад аз роҳи дигар ҳам истифода кард. Ман тасмим гирифтам нозири мустақил шавам, то овози ман ва раъйдиҳандагони дигар дуздида нашавад. Ман ба ҳама гуна иғвову тавтеае, ки дар бораашон бисёр шунидаам, омода ҳастам. Умедворам, ба ин чизҳо дода намешавам”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро донишҷӯёни қазоқ мехоҳанд, нозири интихобот шаванд?

Айдан Ҷанодилова бори дуввум аст, ки дар интихоботҳо ба ҳайси нозир иштирок мекунад. Аввалин бор соли гузашта ӯ интихоботи порлумониро назорат кард ва аз мавридҳои тақаллубкорӣ гузориш дод. Дар лаҳзаи ҳисобкунии овозҳо талош шуд, ки ӯро аз сафи нозирон берун кунанд. Мегӯяд, медонад, ки имсол ҳам ӯро монеаҳои зиёд интизор аст, аммо талош мекунад вазифаи шаҳрвандии худро иҷро кунад.

Айдан Ҷанодилова, як нозири мустақил мегӯяд: “Ман дар мактаб назорат мекардам. Он ҷо нозирони мустақилро чандон хуш надоштанд. Аз байни 10 нозир ман танҳо як нафари мустақил будам. Дигарон мисле, ки барои намоиш нишаста буданд ва аслан дар ҷараёни интихобот ширкат намекарданд. Ман чанд қонуншиканиро сабт кардам. Онҳо эҳтиёт мекарданд, вале вақте марҳилаи ниҳоии ҳисобкунии овозҳо сар шуд, маро пеш карданд. Ман наворбардорро рӯшан карда, аз аввал то охир ҳамаашро сабт намудам.”

Созмони иттилооти ҷавонон аз соли 1999 ҷараёни интихоботҳо дар Қазоқистонро назорат мекунад. Ҳоло онҳо аз афроде, ки мехоҳанд дар интихобот нозири мустақил бошанд, беш аз ҳазор дархост гирифтаанд. Аммо аксари довталабон қабул нахоҳанд шуд. Раҳбарони созмон мегӯянд, аз донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатӣ дархости зиёд мегиранд.

Ирина Медникова, роҳбари Созмони иттилоотии ҷавонон мегӯяд: “Маъмулан мо мебинем, ки пурсишномаҳо ҳама аз як сар аз донишгоҳҳои давлатӣ пешниҳод мешаванд. Дар давоми 15 дақиқа 10-20 нафар сабти ном мекунанд. Саволномаҳои онҳо асосан холӣ ё аз якдигар нусхабардоришудаанд. Пурсишномаҳо бе ягон ҳавасмандӣ пур карда шудаанд. Мисле, ки онҳоро маҷбур карда бошанд. Инро ба таври рӯшан аз анкетаҳо фаҳмидан мумкин аст.”

Ин бори аввал нест, ки ҳукумат аз ин таҷриба кор мегирад. Ба гуфтаи Медникова, на ҳамеша донишгоҳҳо донишҷӯёнро бо роҳи маҷбурӣ ба ин кор ҷалб мекунанд. Баъзан ба онҳо барои назорат дар интихобот пул медодаанд.

Интихоботи президентии Қзаоқистонро, ки рӯзи 20-уми ноябр баргузор мешавад, дар баробари ин созмони ҷавонон шаш созмони ғайридавлатии дигар ҳам назорат хоҳанд кард.

Масъулини Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфтанд, интихоботи президентии пеш аз мӯҳлати Қазоқистонро, ки бовар меравад бо пирӯзии раиси ҷумҳурии амалкунанда Қосимҷомарт Тоқаев меанҷомад, дар баробари 15 давлати дигар, мақомот аз Тоҷикистон ҳам назорат хоҳанд кард. Дар гузашта ҳеҷ як интихоботи президентӣ ё парлумонии Қазоқистон мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Додситонии Қазоқистон аз сокинон хост, дар эътирозҳои рӯзи интихобот иштирок накунандНозирони тоҷик интихоботи Қазоқистонро назорат мекунандТоқаев: Миёни эътирозҳои осоишта ва харобкории авбошон фарқ гузоредБоздошти фаъолон дар Қазоқистон дар остонаи интихоботи президентӣТоқаев қонуни коҳиши салоҳиятҳои президенти Қазоқистонро имзо кардДодгоҳ шикояти фаъолонро зидди КМИР рад кардБоздошти фаъолони қазоқ дар рӯзи тазоҳурот зидди интихоботи пеш аз муҳлат