Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолон дар Қазоқистон дар остонаи интихоботи президентӣ


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Фаъолони Қазоқистон мегӯянд, дар остонаи интихоботи президентӣ онҳоро боздошт мекунанд. То ин замон на камтар аз 5 фаъоли қазоқистонӣ то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шудаанд.

Таъқиби сиёсии фаъолон дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон идома дорад. Ба иттилои гуруҳи "Фаъолон - тундгаро нестанд", дар шаҳри Остона чанд фаъол боздошт шудааст, ки ҳадди ақал 5 тани онҳо ҳабси маъмурӣ гардидаанд.

Додгоҳ ин фаъолонро бо баҳонаи гирдиҳамоии ғайриқонунии рӯзи 21 августи соли ҷорӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.

Фаъолони қазоқистонӣ пештар хабар доданд, ки дар таърихи 20 ноябр гирдиҳамоии осоишта баргузор хоҳанд кард. Фаъолон талаб доранд, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор нашавад, зеро, ба гуфтаи онҳо, интихобот ғайриқонунӣ аст.

Мақомот ба гирдиҳамоии рӯзи 20 ноябри фаъолон посухи рад доданд.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Қазоқистон рӯзи 20 ноябр таъйин шудааст. Дар он шаш нафар, аз ҷумла президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев номзад ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, ба ҷуз аз Тоқаев ҳамаи номзадҳои дигар "лухтак" ҳастанд ва натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст.

XS
SM
MD
LG