Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони тоҷик интихоботи Қазоқистонро назорат мекунанд


Интихобот дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ
Интихобот дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Тоҷикистон дар қатори 15 кишвари дигар аз интихоботи президентии Қазоқистон назорат мекунанд.

Нурлан Абдиров, раиси Комиссиюни марказии интихоботҳои Қазоқистон дар сӯҳбат бо Хабаргузории давлатии “Казинформ” гуфтааст, дар миёни нозирони интихоботи президентии рӯзи 20-уми ноябр, аксарият намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказию собиқ шӯравӣ мебошанд.

Ин интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон аст ва коршиносон мегӯянд, ба ҷуз аз Тоқаев номзадҳои дигар "лухтак" ҳастанду эҳтимол раҳбари кунунӣ – Қосимҷомарт Тоқаев барои ҳафт соли оянда раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Ин маъракаи сиёсӣ дар Қазоқистон баъди тағйирот ба қонун дар бораи интихобот барпо мешавад, ки ҳақи танҳо як дафъа ба мӯҳлати ҳафт сол раҳбарӣ кардани як номзадро иҷоза медиҳад.

Интихоботҳои президентӣ ва парлумонии Қазоқистон, ки то соли 2019 раҳбариашро Нурсултон Назарбоев ба ӯҳда дошт, ҳеҷ гоҳ мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ арзёбӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG