Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолони қазоқ дар рӯзи тазоҳурот зидди интихоботи пеш аз муҳлат


Алмато. 25 октябр, 2022.
Алмато. 25 октябр, 2022.

Пулиси Қазоқистон дар рӯзи тазоҳурот бар зидди интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар шаҳрҳои Остона ва Алмато дасти кам панҷ фаъолро боздошт кард.

Бино ба хабари бахши қазоқии Радиои Озодӣ, пулис дар майдони назди Академияи улуми Қазоқистон дар Алмато фаъолон Асет Абишев, Айдар Сиздиков ва Канатхан Амреноваро дастгир кардааст.

Дар Остона дастикам ду фаъол Венера Жанабоева ва як зани дигар боздошт шуда, ки то ҳол ному насаби он муайян нашудааст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ менависад, ҳудуди боғи Женис, ки бояд гирдиҳамоӣ дар он ҷо баргузор мешуд, бо панҷараҳои оҳанӣ иҳота шуда, дар наздикии он як микроавтобус бо афсарони нерӯҳои вижа ва чанд мошини пулис меистад. Дар ҳар 50 метр як пулис истодааст.

Фаъолони мадании Қазоқистон қаблан гуфта буданд, ки 25 октябр дар Алмато ва Остона зидди интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки раисҷумҳури кунунӣ Қосимҷомарт Тоқаев дар он яке аз номзадҳои асосӣ аст, тазоҳурот мекунанд

XS
SM
MD
LG