Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев қонуни коҳиши салоҳиятҳои президенти Қазоқистонро имзо кард


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев як қатор қонунҳоро имзо кард, ки салоҳияти раҳбари давлатро кам мекунанд.

Ин бастаи қонунҳо дар натиҷаи раъйпурсие қабул шуданд, ки моҳи июни имсол барои тағйири Конститутсияи Қазоқистон баргузор гашта буд.

Тағйиру иловаҳо салоҳиятҳои президентро дар робита ба мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо маҳдуд мекунад. Президенти Қазоқистон акнун раисони шаҳру ноҳия ва вилоятро бо розигии вакилони маҳаллӣ таъйин мекунад.

Ҳамчунин "квотаи президентӣ" дар порлумони Қазоқистон коҳиш хоҳад ёфт. Президенти Қазоқистон дигар ҳақ надорад, ки узви ҳизби сиёсие бошад ва хешовандони ӯ ҳам ҳаққи фаъолият дар мансабҳои раҳбарӣ ва сиёсиро надоранд.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон 6 июн эълом кард, ки беш аз 77 дарсади шаҳрвандони он кишвар дар як раъйпурсӣ аз ислоҳи конститутсия пуштибонӣ карданд. Дар раъйпурсӣ 68 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG