Бег Сабур аз президентии Федератсияи бокс истеъфо додааст

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон истеъфо додааст. Федератсияи бокси Тоҷикистон як созмони ҷамъиятӣ аст.

Рӯзи 14-уми ноябр Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод, ки ба ҷойи Бег Сабур Комил Мирзоалӣ, раиси ширкати “Роҳи оҳан”, президенти ин риштаи варзиш тасдиқ шудааст.

Сабаби истеъфои Бег Сабурро нагуфтанд, вале аз фаъолияти ӯ дар ин ниҳоди варзишии кишвар сипосгузорӣ шудааст.

Комил Мирзоалӣ, ки дар ин мақом ҷойгузини Бег Сабур шуд, гуфтааст, “дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас аст. Аз ҷумла ду рӯз пеш ду варзишгарамон – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем.”

Аммо довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов ба сифати мураббии ҳирфаии бокс аз вазъи феълии ин намуди олимпӣ дар Тоҷикистон чандон қаноатманд нест.

"Бокси имрӯза дар Тоҷикистон ба сармоягузории ҷиддӣ ва ба мураббиҳои ҳирфаӣ ниёз дорад. Яке аз сабабҳои нокомии варзишгарони мо дар Олимпиадаи Токио ин аст, ки онҳо натавонистанд ба Бозиҳо хуб омода шаванд. Зеро ки дар машқҳои дастаҷамъӣ ширкат надоштанд, инчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле кам иштирок карданд. Фикр мекунам дастгирӣ зиёдтар шавад, натиҷаҳо баландтар мешаванд", - иброз дошт Мансур Муҳиддинов.

Зимнан, Комил Мирзоалӣ, ки аз ин пеш президенти Федератсияи гуштини Тоҷикистон буд, 11-уми ноябри имсол аз вазифааш истеъфо дод. Генерал-майори милитсия Ҷамшед Машрабзода, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД ва фарзанди Хол Машрабов, собиқ раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, президенти нави Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб шуд.

Гуштии варзишӣ, ки аз гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ иборат аст, намуди олимпии варзиш ба шумор меравад. Вале варзишгарони тоҷик дар ин намуд натавонистанд ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат бигиранд. Пас аз он ки Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин-2008 барандаи медали нуқра шуд, дигар касе аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод медали олимпӣ ба даст наовардааст.

Маъмулан, мансабдорони тоҷик, дар баробари вазифаҳои давлатӣ, инчунин вазифаҳои ҷамъиятиро низ бар душ доранд. Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари Эмомалӣ Раҳмон Федератсияи футболи Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олӣ, президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ аст.

Бег Сабур, як чеҳраи баҳсбарангез дар ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз соли 2011 раҳбари Хадамоти алоқаро бар душ дорад. Номи ӯ дар тиҷорати сохтмони манзилҳои баландошёнаи нотамом борҳо расонаӣ шудааст. Ӯро ба он танқид мекунанд, ки кори Хадамоти алоқаро фалаҷ кардааст ва бештар ба тиҷорат машғул аст. Ҳарчанд, барои мансабдорони давлатӣ тиҷорат иҷоза нест, вале мунтақидон бар инанд, ки маҳз хешутаборӣ бо президент ба ӯ имкони тиҷорат додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ширкати писари Бег Сабур аз андоз қарздор мондаастШаҳрдории Душанбе шарҳрсозии худро зери танқид қарор дод. ВИДЕОТорик, сард ва нотамом. Зиндагӣ дар "хонаҳои нимсохти Бег Сабур". ВИДЕОШиркати зери итоати Бег Сабур аз пардохти қариб як миллион доллар озод шуд"Ширкати Бег Сабур"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд. САДО, ВИДЕОДар Кумитаи сохтмон гуфтанд, ба "ширкати Бег Сабур" дар Душанбе дигар иҷозаи хонасозӣ намедиҳандДодгоҳ ширкати зери итоати Бег Сабурро ба пардохти қарзи барқ муваззаф кардБег Сабур гуфт, ки чаро сохтмони баъзе биноҳо нотамом мондаанд. ВИДЕО