Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кумитаи сохтмон гуфтанд, ба "ширкати Бег Сабур" дар Душанбе дигар иҷозаи хонасозӣ намедиҳанд


Бинои мутааллиқ ба ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе.
Бинои мутааллиқ ба ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе.

Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ширкати "Комил-2010"-ро, ки ба пайвандони раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур тааллуқ дорад, ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кардаанд.

Ин ширкат дар ҳоли ҳозир дар Душанбе ва чанд минтақаи дигари Тоҷикистон ба бунёди биноҳои баландошёна машғул аст. Як ширкати дигари сохтмонӣ ҳам бо номи "Ниагара" ба рӯйхати сиёҳ шомил карда шудааст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "минбаъд барои сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ба ин ширкат ("Комил-2010") қарордод баста намешавад".

Ба қавли ӯ, "бо супориши шаҳрдорӣ умуман ба Бег Сабурович дар шаҳри Душанбе барои сохтмон ягон қарор намедиҳанд".

Зувайдзода дар идома гуфт, феълан се биное мондааст, ки умури сохтмониаш нотамом аст ва ширкати "Комил" вазифадор шудааст, дар фурсати наздик онро анҷом дода, ба соҳибонаш ҳуҷҷат бидиҳад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ, фарзандони соҳибони ин хонаҳо ҳатто наметавонанд ба мактаб раванд.

"Соҳибони манзилҳо дар ивази пул ин хонаҳоро харидаанд, вале комиссияи давлатӣ то ҳол ин хонаҳаро қабул накардааст. Зеро корҳои сохтмонӣ ба дурустӣ анҷом нашудааст", -- афзуд ӯ.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, ин ду бино дар наздикии дарвозаи ғарбӣ дар маҳаллаи Зарафшон ва як бино дар назди Бемористони касалиҳои сироятӣ ҷойгир ҳастанд. "Баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ ваъда медиҳам, ин ширкат дигар ба сохтмони манзил барои сокинон ҷалб карда намешавад", -- афзуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Ширкати “Комил 2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 16 бинои навсохти бисттабақа бунёд мекунад. Ҳар бинои он ҳудуди 200 хона дорад. Сохтмони ин хонаҳо охири соли 2016 шуруъ шуда, бар асоси шартнома, бояд соли 2020 ба соҳибонашон супорида мешуд. Бо гузашти беш аз 4 сол сохтмони биноҳо идома дорад ва муштариён аз он тарс доранд, ки мабодо корҳои сохтмонӣ солҳои дароз тӯл кашад ва ҳамаи нақшаи онҳоро барбод диҳад.

Бег Сабур қаблан дар як суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, бисёре аз муштариён пули хонаҳоро пурра напардохтаанд ва ҷараёни сусти сохтмон ба он вобастааст.

Қонунҳои Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани мансабдорони давлатиро манъ кардааст. Бег Сабур мегӯяд, вай амалан раҳбари ягон ширкати сохтмонӣ нест, аммо ба наздиконаш барои рафъи мушкили мардуми бехона кумак мекунад.

Қаблан як таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон бо далелу аксҳо исбот карда буд, ки Бег Сабур маҳалли кори давлатиашро ба макони қабули муштариён ва харидуфурӯши хонаҳо табдил додааст.

XS
SM
MD
LG