Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Торик, сард ва нотамом. Зиндагӣ дар "хонаҳои нимсохти Бег Сабур". ВИДЕО


Маҳалли сохтмони биноҳо
Маҳалли сохтмони биноҳо

Мавҷуда Раҳимова бо кӯдаконаш дар ошёнаи 11-уми бинои машҳур ба “хонаҳои Бег Сабур” дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Аммо сохтмони бино пурра ба поён нарасидааст. Кранҳои борбардор дар болояш чарх мезананд, дару тирезаҳоро начаспондаанд ва дар даромадгоҳҳо торикӣ ҳукмфармост.

Биноҳои нотамом аз ширкати "Комил-2010" аст, ки бино бар санадҳо ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Сохтмони хонаҳо дар охири соли 2016 оғоз шуда, бар асоси шартнома, бояд соли 2020 ба соҳибонашон супорида мешуд. Масъулони ширкат то ҳанӯз нагуфтаанд, ки сабаби таъхир чӣ буд.

Аз ночорӣ ё худсарӣ?

“Моҳи август ба ин ҷо омадем”, -- нақл кард Мавҷуда Раҳимова рӯзи 23-юми ноябр ба хабарнигорони Радиои Озодӣ. Вай мегӯяд, танҳо нест. Ба нақли ӯ ва ҳамроҳонаш, беш аз сад нафар дар биноҳои сохтмонаш нотамоми ширкати “Комил 2010” ҷойгир шудаанд. Намояндагони ширкат ин афродро 30 нафар шумурданд.

Мавҷуда Раҳимова шикоят кард, ки дар баробари мушкилиҳои дигар, бебарқӣ дар фасли сармо онҳоро зиёд азият медиҳад: “Барқ хомӯш мешавад. Алов нест, хона хунук аст. Як трансформатор аст, зуд месӯзад. Намедонем, чӣ кор кунем. Як рӯз барқ ҳаст, чанд рӯзи дигар нест. Вазъият вазнин аст.”

Сабина Бобоҷонова, муштарии дигари "Комил-2010", мегӯяд, “мехоҳем, биноро зудтар дуруст карда, супоранд. Шароитро беҳтар кунанд. Мо танҳо нестем. Дар инҷо одамони зиёде ҳастанд. Бечораҳо аз маҷбурӣ омада, зиндагӣ мекунанд.”

Баъзе аз масъулони ширкат, ки дар маҳалли сохтмон буданд, нахостанд, дар назди дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Яке аз онҳо бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, “муштариён худсарона ба бино даромадаанд”.

“То замоне ки бино аз сӯи кумисюни давлатӣ қабул карда нашавад, сокинон ҳаққи зиндагӣ дар онро надоранд,” -- гуфт ӯ.

Гуноҳ ба гардани кист?

Сокинон ва ҳуқуқшиносон бар инанд, ки вақте ширкат дар муҳлати таъиншуда биноро ба истифода надод, “гунаҳкори ин ҳолат ба шумор хоҳад рафт”.

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик, рӯзи 23-юми ноябр гуфт: “Тибқи Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, истифода бурдани иншооте, ки аз тарафи кумисюни давлатӣ қабул нашудааст, манъ аст. Ширкатҳои хонасоз бояд шартҳои шартномаро иҷро кунанд. Агар муҳлати муайяне нишон дода шудааст, дар ҳамон муҳлат сохтмонро анҷом диҳанд. Дар акси ҳол шаҳрвандон метавонанд, барои ҷуброни зарар онҳоро ба додгоҳ диҳанд.”

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

Ширкати “Комил 2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 16 бинои навсохти бистошёна месозад, ки ҳар бинои он ҳудуди 200 хона дорад. Ин ширкат дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон низ ба сохтмони иншооту биноҳо машғул аст. Шикоят аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонии “Комил 2010” дар гузашта борҳо садо додааст.

Бег Сабур қаблан дар як суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бисёре аз муштариён пули хонаҳоро пурра напардохтаанд ва ҷараёни сусти сохтмон ба он вобастааст. Муштариён мегӯянд, маблағро саривақт супоридаанд.

Бег Сабурро рӯзи 23-юми ноябр дар ҷойи кораш, Хадамоти алоқа, пайдо накардем. Ҳамон рӯз як гурӯҳ аз муштариён дар он ҷо буданд ва баъзе аз онҳо мехостанд, масъалаи бозпас гирифтани пули хонаҳояшонро дар миён гузоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Будубош дар биноҳои нотамоми Бег Сабур. Аз маҷбурӣ ё худсарӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Танқид мекунанд, вале...

Дар ду соли охир масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон низ аз кори сохтмонӣ дар баъзе биноҳҳои “Комил 2010” интиқод карда, гуфта буданд, ба раҳбарони ширкат фурсат додаанд, камбудҳоро ислоҳ кунанд. Бо вуҷуди чунин тақнидҳо, шикояти сокинон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ кам нашудааст.

Дар солҳои охир сохтмони манзил дар Тоҷикистон зиёд шуда, дар минтақаҳои марказӣ ва канораҳои пойтахт баландошёнаҳо қомат афрохтаанд. Бархе сокинон мегӯянд, авҷи сохтмони манзил мушкили камбуди хона, ба вижа манзилҳои сохти нав ва замонавиро ҷуброн мекунанд, вале зоҳиран на ҳама сокинон аз сохтмонҳои нав розӣ ҳастанд. Ба вижа, аз сифати сохтмони манзилҳо ва ҳам макони интихоби сохтмони баландошёнаҳои нав.

Коршиносону сокинон тахмин мезананд, ки ширкатҳои сохтмонӣ аз пайи даромад гоҳе шитобкорӣ мекунанд ва ба сифат кам аҳамият медиҳанд. Ин шитобкорӣ ба гардани соҳибони хона барои солҳои дароз душворӣ бор мекунад.

Дохили бино
Дохили бино
XS
SM
MD
LG