Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати писари Бег Сабур аз андоз қарздор мондааст


Биноҳои нотамоми ширкати писари Бег Сабур
Биноҳои нотамоми ширкати писари Бег Сабур

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, ки ширкати сохтмонии "Комил 2010" ҳанӯз қарзашро аз андоз напардохтааст, аммо рақами мушаххасеро ба забон наоварданд. Дар гузашта қарзи ширкат танҳо дар Кӯлоб зиёда аз 4 миллион сомонӣ эълон шуда буд.

Бино ба санадҳои расмӣ, ширкати "Комил 2010" ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл бе зикри номи касе гуфт, "дар ҳақиқат, як ширкати сохтмонӣ дорад. Бақияи қарзаш аз андоз мондааст. Ҳамон миқдоре, ки Шумо (4 миллион сомонӣ) гуфтед. Шояд аз он зиёдтар шуда бошад. Мо чораҷуӣ карда истодаем, мутаасифона, пурра барқарор нашудааст."

Назари Бег Сабур ва масъулони ширкат дастрас нест.

Ширкати "Комил 2010" дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе чанд бинои бистошёна месозад, ки ҳар бинои он ҳудуди 200 хона дорад. Ин ширкат дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон низ ба сохтмони иншооту биноҳо машғул аст. Шикоят аз ҷараёни сусти корҳои сохтмонии “Комил 2010” дар гузашта борҳо садо додааст.

Бег Сабур қаблан дар як суҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бисёре аз муштариён пули хонаҳоро пурра напардохтаанд ва ҷараёни сусти сохтмон ба он вобастааст. Муштариён мегӯянд, маблағро саривақт супоридаанд.

Дар ду соли охир масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон низ аз кори сохтмонӣ дар баъзе биноҳҳои “Комил 2010” танқид карда, гуфта буданд, ба раҳбарони ширкат фурсат додаанд, камбудҳоро ислоҳ кунанд. Бо вуҷуди чунин танқидҳо, шеваи кори ширкат дигар ва шикояти сокинон кам нашудааст.

XS
SM
MD
LG