Абдурақиб Раҳмонов, имомхатиби ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, дар муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр дар марз бо Қирғизистон писарашро аз даст дод. Абдулвафои 23-сола марзбон буд. Ба гуфтаи падар, ӯ ва даҳҳо ҳамроҳаш бар асари ҳамлаи бесарнишини “Байрақдор” (Байрактар) кушта ва захмӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки дар муноқишаи марзӣ ҷониби Қирғизистон аз чархболи низомиву ҳавопаймои бесарнишин истифода кардааст. Бишкек нерӯҳои Тоҷикистонро ба истифодаи силоҳҳои сангин ва дастгоҳҳои мушакӣ муттаҳам намуд.
"Пас аз хатми донишгоҳ худам ба артиш фиристода будам. Гуфтам, ки ман ҳамчун имомхатиб бачаҳои мардумро ба артиш даъват мекунаму бачаи худам наравад, кори хуб намешавад," – нақл кард Абдурақиб Раҳмонов.
Дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо сарбоз кушта шуданд.
Насруллохоҷа Аскаров, сокини 19-солаи деҳаи Кӯлканди Исфара, аз ҷумлаи чунин сарбозон буд. Ӯ як сол боз дар артиш хидмат мекард. Падараш мегӯяд, ҳанӯз ба худ наомадааст.
Лутфулло Аскаров, сокини Кӯлканд, афзуд, “бори охир ду рӯз пеш аз ҷанг ҳамроҳаш будем. Мегуфт, дадо, ғам нахӯред, парешон нашавед, хидмат хуб аст. Ҳоло нест. Ҳар рӯз дарди набуданаш вазнин мегузарад.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шавҳари Мавлуда Аббосова, сокини маҳаллаи Сомониёни Исфара, он рӯз ҳамсару кӯдаконашро ба ҷойи амн интиқол дод, вале худаш бо сарбозон монд. Ба гуфтаи ҳамсараш, Олим Абосови 58-сола ба сарбозон хӯрок омода мекард.
“Мегуфт, чӣ гуна сарбозони 18-19-соларо гузошта равам. Ман гурехтам. Як бор занг задам. Гуфт, занг назан, банд ҳастам. Дафъаи дувум телефонаш хомӯш буд. Ба ҳамсоя занг задам, гуфт, ки ба сарбозон чой омода мекунад. Ба тани шавҳарам тир задаанд,” – нақл кард ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз 40 ва захмӣ ва шудани 200 ғайринизомӣ суҳбат карда, дар бораи талафоти низомиён чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ то ин дам номи беш аз 70 қурбонии даргирии марзиро гирд овард, ки бахши асосии онҳо сарбозон ҳастанд.
Мақомоти Қирғизистон дар бораи 62 кушта ва беш аз 200 захмӣ гузориш доданд. Онҳо дар рӯзҳои аввали муноқиша гуфта буданд, ки ба сабаби кӯчондани аҳолӣ ба ҷои амн талафот дар миёни ғайринизомиён камтар аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Номи 83 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонҚирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.