Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ғайр аз либоси танам дигар чизе намонд." ВИДЕО


"Ба ғайр аз либоси танам дигар ҳеч чиз намонд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

"Ба ғайр аз либоси танам дигар ҳеч чиз намонд"

Сокинони деҳоте, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгиранд, мегӯянд, дар низои ахир захираи яксолаи ғизоашонро аз даст додаанд.

Дар деҳоте, ки дар муноқишаи рӯзи 14-17-уми сенятбр ҳамла сурат гирифт, хонаҳои сокинон оташ гирифт. Мақомот мегӯянд, наздик ба сад оила комилан бесарпаноҳ мондаанд ва даҳҳо оилаи дигар қисман хонаҳояшон осеб дидааст.

Соро Самадова, сокини маҳаллаи Сомониёни Исфара мегӯяд, барои аҳли хонавода ва чорвояшон хурок захира карда буданд, вале дар муноқиша хонаашон оташ гирифт ва ҳама сӯхт. Ҳоло ин зан бо хонаводааш чизе барои хурдан надорад. Сарпаноҳашон ҳам хароб шудааст. Ӯ гуфт, ҳатто гусфандонаш сӯхтаанд.

“Тарафи Қирғизистон чанд рӯз пеш ҳамаро бароварданд. Мо бехабар. Ҷанг намешавад гуфта нишастем. Ҳоло дигар ҳама чизамро аз даст додам,”—гуфт ӯ.

Хонаи Наим Абдуллоев, сокини дигари маҳаллаи Сомониён, низ сӯхтааст. Гандуму орд, ки барои зимистон захира карда буд, нобуд шудаанд. Ӯ ба мо захирагоҳашро нишон дод, ки ба ҷуз зарфҳои оҳании холии сӯхта чизе надоранд.

“Ба ҷуз ҳамин сару либоси танаам чизе дигарам намонд. Ҳама сӯхт. Коҳ барои молҳоям, орду картошкаю гандум сӯхтанд. Мо ба зур фарзандҳоро гирифта гурехетем,”—гуфт Наим Абдуллоев.

Мастура Файзова, сокини дигари маҳаллаи Сомониёни Чоркӯҳи Исфара, он рӯз аз деҳа фирор карда буд. Захираи солонаашро дар хонае қулф кард.

“Омадем, ки на хона мондааст, на захирае. Ҳама хокистар шудааст,”—гуфт ӯ.

Умар Муродов, сокини дигари ин маҳалла на танҳо хонаи худ, балки хонаи ҳафт писарашро низ аз даст додааст. Ӯ ҷое барои зист надорад.

Ба гуфтаи ӯ, бархе хонаҳо аз зарби тир оташ гирифтанд ва зоҳиран бархеро қасдан оташ задаанд.

Зарари расида ба сокинон дар муноқишаи марзӣ ҳанӯз пурра ҳисоб нашудааст. Ҳоло сокинони деҳоти зарардида бо тариқи ҳашар харобиҳоро бартараф мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG